Вакилон якдилона аз вазифа озод кардани муовини раиси Палатаи ҳисобро тасдиқ карданд

Дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумон вакилон ба пешниҳоди президенти мамлакат оид ба аз вазифа озод кардани муовини раиси Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ Хуршед Каримзода розигӣ доданд. Дар ҳамин ҳол, ҳеҷ кадоме аз вакилон ба сабаби аз мансаб сабукдӯш шудани муовини раиси Палатаи ҳисоб таваҷҷуҳ зоҳир накард. Вакилон имрӯз фармонҳои президент дар бораи аз вазифа озод […]

Аваз Юлдошев



Дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумон вакилон ба пешниҳоди президенти мамлакат оид ба аз вазифа озод кардани муовини раиси Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ Хуршед Каримзода розигӣ доданд.

Дар ҳамин ҳол, ҳеҷ кадоме аз вакилон ба сабаби аз мансаб сабукдӯш шудани муовини раиси Палатаи ҳисоб таваҷҷуҳ зоҳир накард.

Вакилон имрӯз фармонҳои президент дар бораи аз вазифа озод кардан ва ба мансаб таъин кардани раҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистонро бидуни баррасӣ ва якдилона маъқул шумориданд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 4 май Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тамоми раҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистонро 

аз мансаб сабукдӯш кард.

 Раиси БМТ Абдуҷаббор Ширинов бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифааш озод карда шуд.

Собиқ роҳбари БДА ҶТ «Амонатбонк» 

Ҷамшед Нурмаҳмадзода

 раиси нави Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) таъин карда шуд. Собиқ муовини аввали вазири молияи ҶТ Ҷамолиддин Нуралиев муовини аввали раиси БМТ таъин шуд.

Қаблан Ҷамшеди Юсуфиён ба ҳайси муовини аввали раиси БМТ ифои вазифа мекард, ки бо фармони президенти бидуни шарҳи сабаб аз вазифааш озод карда шуд. Муовинони дигари раиси БМТ – Малоҳат Холиқзода ва Абдукарим Неъматов низ бо фармонҳои сарвари давлат бидуни шарҳи сабаб аз мансабҳояшон сабукдӯш шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.