Хонандаи синфи 10 худро писари президент Э.Раҳмон муаррифӣ карда, 50 ҳазор $ гирифт

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ хонандаи синфи 10-уми Мактаби байнулмилалии Душанберо боздошт намуд, ки худро писари президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ намуда, маблағи зиёди пулӣ гирифтааст. Аз Агентии мазкур ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки толибилм Хушдил Қурбонов худро писари президенти ҶТ Сомони Эмомалӣ муаррифӣ карда, аз одамон маблағҳои […]

Мавзуна Абдуллоева



Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ хонандаи синфи 10-уми Мактаби байнулмилалии Душанберо боздошт намуд, ки худро писари президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ намуда, маблағи зиёди пулӣ гирифтааст.

Аз Агентии мазкур ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки толибилм Хушдил Қурбонов худро писари президенти ҶТ Сомони Эмомалӣ муаррифӣ карда, аз одамон маблағҳои пулии зиёд дастрас ва ба мансабдорон ҳар гуна супоришҳои ғайриқонунӣ медодааст.

Бино ба маълумоти Агентӣ, Хушдил Қурбонов ҳамроҳ бо як хешаш Ҷӯрахон Холов боварии шаҳрванд Маҳмадризо Раҷабовро ба даст оварда, ба ӯ ҷудо гардидани 0,30 га қитъаи замин дар қаламрави ҷамоати Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакиро ваъда медиҳанд ва барои хизмати худ аз Раҷабов 50 ҳазор доллари ИМА талаб мекунанд.

«Пас аз гирифтани пул онҳо ба М.Раҷабов мегӯянд, ки барои дастрас кардани қитъаи замин ба шахси масъул Сабзалӣ Маҷидов муроҷиат намояд. Дар ҳамин ҳол, Хушдил Қурбонов ба Сабзалӣ Маҷидов занг зада, худро писари президент Сомони Эмомалӣ муаррифӣ мекунад ва ба ӯ супориш медиҳад, ки ба Маҳмадризо Раҷабов қитъаи замин ҷудо кунад, аммо Маҷидов ба Хушдил Қурбонов бовар накарда, ба М.Раҷабов қитъаи замин ҷудо намекунад», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки Хушдил Қурбонов маблағи 50 ҳазор доллари ИМА-ро моҳи августи соли 2014 гирифтааст.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз намуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.