Раҳбарияти нави БМТ устувории қурби сомониро ваъда медиҳад

Вакилони палатаи поёнии ҷумҳурӣ фармони президенти мамлакат дар бораи раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) таъин шудани Ҷамшед Нурмаҳмадзодаро якдилона дастгирӣ карданд. Дар ҷараёни ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумон раиси тозатаъини БМТ ба саволҳои вакилони мардумӣ оид ба тадбирҳои роҳандозишуда дар самти устувор кардани қурби арзи миллӣ (сомонӣ) нисбат ба асъори хориҷӣ ва ҳамчунин қарори собиқи […]

Аваз Юлдошев



Вакилони палатаи поёнии ҷумҳурӣ фармони президенти мамлакат дар бораи раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) таъин шудани Ҷамшед Нурмаҳмадзодаро якдилона дастгирӣ карданд.

Дар ҷараёни ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумон раиси тозатаъини БМТ ба саволҳои вакилони мардумӣ оид ба тадбирҳои роҳандозишуда дар самти устувор кардани қурби арзи миллӣ (сомонӣ) нисбат ба асъори хориҷӣ ва ҳамчунин қарори собиқи раҳбарияти Бонки миллӣ доир ба қатъи фаъолияти як қатор нуқтаҳои мубодилаи асъор посух гуфт.

Нурмаҳмадзода қайд кард, ки бо қарори раҳбарияти БМТ аз 17 апрели соли равон, дар саросари кишвар фаъолияти 1,5 ҳазор адад нуқтаҳои мубодилаи асъор қатъ гардид, ки 800 адади он ба шахсони воқеъӣ таллуқ доштанд.

Раиси нави БМТ таъкид дошт, ки барои ошкор кардани паҳлӯҳои мусбат ва манфии қарори мазкур барои ӯ вақт лозим аст ва дар ҳамин ҳол, илова намуд, ки айни замон бонкҳои кишвар нуқтаҳои мубодилаи асъори иловагӣ боз мекунанд.

Нурмаҳмадзода ба вакилон итминон дод, ки қурби арзи миллӣ нисбати доллари ИМА тадриҷан устувор мешавад.

Ҳамчунин ӯ зикр кард, ки «тибқи маълумоте, ки БМТ дар ихтиёр дорад, нисбат ба моҳи марти соли ҷорӣ, моҳи апрели соли равон ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирони корӣ аз Русия каме афзудааст», вале аз рақамҳои мушаххас дар ин маврид маълумот надод.


Акс аз радиои Озодӣ

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.