Суғд: Нисбати 23 узви «Ҷамоати Ансоруллоҳ» ҳукм содир шуд

Дар вилояти Суғд нисбати 23 нафар аъзои гурӯҳи фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъи «Ҷамоати Ансоруллоҳ» ҳукм содир шуд. Адвокати яке аз маҳкумшудагон Муҳаббат Ҷӯраева ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки мурофиаи судии баррасии парвандаи мазкур дар бинои тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и №2-и шахри Хуҷанд баргузор шудааст. Маҳкумшудагон сокинони синни аз 20 то 35-солаи ноҳияҳои […]

Мавлуда Рофиева



Дар вилояти Суғд нисбати 23 нафар аъзои гурӯҳи фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъи «Ҷамоати Ансоруллоҳ» ҳукм содир шуд.

Адвокати яке аз маҳкумшудагон Муҳаббат Ҷӯраева ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки мурофиаи судии баррасии парвандаи мазкур дар бинои тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и №2-и шахри Хуҷанд баргузор шудааст.

Маҳкумшудагон сокинони синни аз 20 то 35-солаи ноҳияҳои Истаравшану Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Исфара мебошанд. Муайян карда шудааст, ки онҳо ҳангоми дар қаламрави Русия қарор доштанашон ба сафҳои гурӯҳи фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи «Ҷамоати Ансоруллоҳ» пайвастаанд.

Зикр гардид, ки нисбати боздоштшудагон мутобиқи моддаҳои 187, қ. 2; 307, дараҷ. 2, қ. 2, 307, дараҷ. 3, қ. 2 ва 347-и Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.

Чор нафар аз ин гурӯҳро суд тибқи моддаи 347-и КҶ ҶТ гунаҳкор эътироф намуда, ҳар кадомеро ба 1 соли зиндони низомаш умумӣ, 18 нафари дигар ҳар кадомеро ба 9,5 соли зиндони низомаш шадид ва роҳбари гурӯҳро ба 17,5 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кардааст.

Ҳамин тариқ, соли 2015 суди шаҳри Хуҷанд 47 нафар сокинони вилояти Суғдро ба гумони узвият дар сафҳои «Ҷамоати Ансоруллоҳ» ба муҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум кард.

Қобили зикр аст, ки моҳи майи соли 2012 Суди олии Тоҷикистон фаъолияти гурӯҳи «Ҷамоати Ансоруллоҳ» дар қаламрави кишварро мамнӯъ эълон намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.