Кушта шудани рабояндагони 4 марзбони тоҷик дар Қундуз



Даҳ нафар узви гурӯҳи толибон, ки дар рабудани чаҳор сарбози тоҷик зимистони соли гузашта даст доштанд, дар як амалиёт аз ҷониби мақомоти Афғонистон кушта шудаанд.


Радиои «Озодӣ»

бо истинод ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ин робита менависад, онҳо ин иттилоро аз ҳамкорони афғонашон дастрас кардаанд ва ҳоло умедҳо барои раҳоии чаҳор сарбози тоҷик бештар шудааст.

Як масъули Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтааст, бо сарбозони дар гаравбуда, дар тамоси телефонӣ ҳастанд ва онҳо низ кушта шудани гаравгонгирони аслиро тасдиқ кардаанд. Ба иттилои ин масъул, ҳоло гуфтушунид барои раҳоии ин асирон идома дорад ва зоҳиран ин гурӯҳ ба сарбозони тоҷик муносибати бад надоранд.

«Мо бо сарбозон сӯҳбат дорем ва маълум мешавад, ки нисбат рӯзҳои пештара вазъашон хубтар аст. Ин одамоне, ки онҳоро бурда буданд, ҳангоми ширкат дар ҷанг зидди қувваҳои ҳукуматӣ кушта шуданд. Мо умедворем, ки сарбозонро аз дасти ин гурӯҳ сиҳату саломат пас мегирем».

Ин сарбозони тоҷик 19-уми декабри соли гузашта ҳангоми ҷамъоварии ҳезум дар соҳили рӯдхонаи Панҷ аз ҷониби гурӯҳе аз толибон, ки гуфта мешавад, ки дар миёнашон тоҷиктаборон низ буданд, рабуда шуданд. Гуфтушунидҳои ибтидоӣ барои раҳоии онҳо натиҷа надод ва ошӯбгарон дар охирҳои моҳи феврали соли равон гаравгонҳои худро ба дарунтари вилояти Кундузи Афғонистон интиқол доданд. Ба иттилои додситони вилояти Хатлон, инҳо  Фарҳод Калонов, соли таваллудаш 1996, Сироҷ Давлатов, соли таваллудаш 1991, Тӯйчибоӣ Нурбоев, соли таваллудаш 1996 ва Меъроҷиддин Шодиев, соли таваллудаш 1994 мебошанд.  

Мақомоти Тоҷикистон борҳо ба раҳо кардани ин сарбозон ваъда доданд, аммо бо гузашти панҷ моҳ ҳанӯз онҳо дар асоратанд.

Аммо додгоҳи низомии Хатлон рӯзи 6 апрел Алимуҳаммад Додокалонов – сардори дидбонгоҳи қисми марзбонии 2610-и ноҳияи Панҷро, ки гуфта мешавад, бо фармони ӯ ин чаҳор сарбоз барои ҳезумчинӣ ба соҳили Омӯ рафта, баъдан ба дасти толибон афтодаанд, ба 8,5 соли зиндон маҳкум кард.

spot_imgspot_img

Популярное