Коршиносон: Ҳароси аввал паси сар шуда, тасҳеҳи қурби доллар шурӯъ шуд

Ба андозаи назаррас поинравии қурби доллари ИМА дар Тоҷикистонро коршиносон ба коҳиши талабот ба ин асъор мансуб медонанд. «Аз нигоҳи истеҳсол ва истеъмол Тоҷикистон ба марҳилаи ҷамъоварии ҳосил ворид шуд: картошка ва сабзавоту меваи маҳаллӣ пухта расида, бо сомонӣ хариду фурӯш мешаванд. Барои харидории маҳсулоти кишоварзии покистониву чинӣ ва эронӣ асъор ба хориҷи кишвар бароварда […]

Пайрав Чоршанбиев



Ба андозаи назаррас поинравии қурби доллари ИМА дар Тоҷикистонро коршиносон ба коҳиши талабот ба ин асъор мансуб медонанд.

«Аз нигоҳи истеҳсол ва истеъмол Тоҷикистон ба марҳилаи ҷамъоварии ҳосил ворид шуд: картошка ва сабзавоту меваи маҳаллӣ пухта расида, бо сомонӣ хариду фурӯш мешаванд. Барои харидории маҳсулоти кишоварзии покистониву чинӣ ва эронӣ асъор ба хориҷи кишвар бароварда намешавад ва ин марҳила то моҳи ноябр давом мекунад», – гуфт дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» коршиноси масоили иқтисодӣ Сафар Нуралӣ ва қайд кард, ки «захираҳои орд ва воридоти устувори он аз Қазоқистону Русия низ ба вазъи муътадил дар бозори маҳсулоти ғизойӣ мусоидат мекунад».

Ғайр аз ин, иброз дошт ӯ дар идома, сарфи назар аз манъкуниҳои зиёдеву ҷоришавии маҳдудиятҳо, муҳоҷирони корӣ ба Русия мераванд ва ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ меафзояд. «Шояд ин омили асосии устуворӣ ва коҳиши қурби доллар дар ҷумҳурӣ бошад», – зикр кард С.Нуралӣ.

Ӯ таъкид дошт, ки «ба ин ҳолат ҳамчунин қурби устувор ва поинравандаи рубли русӣ» низ таъсир дорад ва хотирррасон намуд, ки «қисмати асосии интиқоли маблағҳои пулӣ бо рубли русӣ сурат мегирад».

Гузашта аз ин, таъкид кард коршинос, амалисозии тамоми лоиҳаҳои зербиноӣ дар Тоҷикистон бо шумули сармоягузории ваъдакардаи Чин дар ҳаҷми 6,3 млрд. доллари ИМА қатъ нашуда, идома доранд.

Ба андешаи С.Нуралӣ, «ба қоидаҳои бозӣ дар бозори асъори кишвар рӯйи кор омадани шахсони нав дар сохтори Бонки миллӣ низ таъсир расонд». «Умед мебандем, ки онҳо вақту имкони зарурӣ ёфта, давоми моҳҳои июн-декабр ба мушкилоти муваққатӣ дар ин самт дар фасли зимистон омода мешаванд. Онҳо аз таҷрибаи кофӣ бархӯрдор буда, дастгирӣ ҳам мешаванд», – афзуд номбурда.

Дар ҳамин ҳол, таҳлилгари равандҳои иқтисодӣ Икром Мақсудов коҳиши қурби доллар дар кишварро ба таври оддӣ шарҳ медиҳад: «Талаботи шадид ба ин асъор кам шуд. Чаро қурби доллар босуръат боло рафт? Барои он ки ҳама ба ҳарос афтоданд. Акнун ҳароси аввал паси сар шуда, ҳама хотирҷамъ шуданд ва ба ивази долларҳо шурӯъ карданд. Мутаносибан ҷараёни тасҳеҳи қурб низ оғоз гардид».

Аммо коршинос бар ин назар аст, ки қурби доллари ИМА аз 6,40 сомонӣ (1$) поинтар намеравад. «Акнун қурби доллар оҳиста – оҳиста боло меравад. Шояд ахири тобистон он дар сатҳи 7,5 сомонӣ барои 1 $ қарор гирад», – афзуд коршинос.

Ёдрас мекунем, ки рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда қурби доллари ИМА нисбати арзи миллии Тоҷикистон – сомонӣ

қариб 2,5% поин рафт.

Рӯзи 25 май дар нуқтаҳои мубодилаи асъор қурби хариду фурӯши доллари амрикоӣ 6,40-6,42 сомонӣ барои 1 доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд. Ахири ҳафтаи гузашта дар лавҳаҳои саррофиҳо ин рақамҳо 6,52-6,54 сомонӣ дарҷ ёфта буданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.