Академияи илмҳо: Гулмурод ба Ватан, миллат, оила ва модари худ хиёнат кард

Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пахши як изҳорот аз пайвастани сарҳанги тоҷик – Гулмурод Ҳалимов ба гурӯҳи террористии ДИИШ сахт интиқод кардааст. Дар изҳорот омадааст, ки: “Ба чунин гурӯҳҳои террористии бо ном Давлати исломӣ пайвастани Гулмурод Ҳалимов чӣ маънӣ дорад? Ӯ ҳам як шахси фиребхӯрдаест, ки ба сабаби ноогоҳии сиёсиаш ва ҳуввияти миллӣ надоштанаш, […]

ASIA-Plus



Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пахши як изҳорот аз пайвастани сарҳанги тоҷик – Гулмурод Ҳалимов ба гурӯҳи террористии ДИИШ сахт интиқод кардааст.

Дар изҳорот омадааст, ки: “Ба чунин гурӯҳҳои террористии бо ном Давлати исломӣ пайвастани Гулмурод Ҳалимов чӣ маънӣ дорад? Ӯ ҳам як шахси фиребхӯрдаест, ки ба сабаби ноогоҳии сиёсиаш ва ҳуввияти миллӣ надоштанаш, эҳсоси миллатдӯстию ватанпарастии амиқ намекунад ва мисли як гурӯҳ ҷавонони ҳамсони худ ба Ватан, миллат, оила ва модари худ хиёнат кардааст”.

Онҳо ҳамчунин таъкид кардаанд, ки: “Мо боварии комил дорем, ки Гулмурод ва «муҷоҳидони» ҳамфикри ӯ дер ё зуд аз кори кардаашон пушаймон мешаванд. Мутаассифона, гирифторони гурӯҳҳои террористӣ роҳи наҷот надоранд ва қурбони дасисаҳои хоҷагонашон хоҳанд шуд. Вале бадтарину бадбахттарин амал хиёнат ба Ватан аст ва номи ин гуна шахсон ҳамчун хоини Ватан дар таърих хоҳад монд. Оё осон аст ба фарзандону наздикони одаме, ки чун «хоини Ватан» ном бурда мешавад? Оё Ватан ба Гулмурод Ҳалимов бо тиру силоҳ таҳдид кардааст, ки аз мулки дигар бо силоҳ ба сӯи Ватан таҳдид мекунад ва мехоҳад ба воситаи куштору хунрезӣ ба Тоҷикистон баргардад? Оё ин кори инсони солим ва боақл аст?”

Дар идома зикр мегардад, «наворҳои бераҳмонаеро, ки аз Давлати исломии Ироқу Шом аз тариқи интернет ва телевизион намоиш медиҳанд, бо ислом иртиботе надорад ва он даҳшатест, ки ба инсон хос нест. Хоҷагони хориҷии бо ном Давлати исломӣ ба дасти кӯдакони мусалмон силоҳ дода, аз онҳо мехоҳанд қотилҳои исломӣ омода намоянд ва бо силоҳҳои маргбор мехоҳанд исломи наверо ҷорӣ кунанд, ки дар асл мақсадаш хонаи Каъбаро вайрон кардан, эҳтироми падару модар ва ҳурмати қабри наздиконро аз байн бардоштан, давлатҳои миллиро барҳам додан мебошад ва инро талаботи исломи ҳақиқӣ медонанд».

«Дар сурате, ки ҳадафи ниҳоӣ ва аслии муғризонаи хоҷагони ҳориҷии ДИИШ ҳуввияти мусулмононро барҳам задан, аз дастёбӣ ба илму фани муосир дур нигоҳ доштан, мусулмононро душмани ҳамдигар сохтан ва аслан пурра несту нобуд сохтану дороиҳо ва Ватани мусулмоноро соҳиб шудан мебошад. Онҳо тавассути Гулмурод Ҳалимов барин ашхоси нохудоогоҳу бидуни ҳуввияти миллӣ, кишвари моро мисли Ироқ,Сурия, Яман, Миср ва Афғонистон ба гирдоби ҷангу низоъҳои даҳшатбор афкандан мехоҳанд», –  омадааст дар изҳорот.

Онҳо ҳамчунин гуфтаанд, ки ҳеҷ фарди солимақл ва халқи заҳматкаши тоҷик, ки пайрави мазҳаби ҳанафии сулҳхоҳу сулҳпарвар аст, аз пайи чунин иғвоҳои даҳшатафканон нахоҳад рафт!

“Мо, олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шароити глобализатсияи муосир, ки дар баробари неъматҳои хуби илму технология, инчунин мушкилиҳои зиёди сиёсӣ ва мафкуравии бузургро, аз қабили терроризм, экстремизми динӣ, маводи мухаддир, одамрабоӣ ва одамфурӯширо ба бор овардааст, изҳори ташвиш намуда, ба ҳамаи мардуми ранҷкашидаи кишвари маҳбубамон, хосатан ҷавонон, ҷавондухтарон, донишҷӯён, муаллимон, соҳибкорон, рӯҳониёни бедордил, аҳли илму адаб муроҷиат менамоем, ки аз равандҳои хатарноки замони муосир ва ҳодисаҳои нохуши он хуб огоҳ бошанд, барои аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ солим ба камол расидани фарзандони миллат кӯшиш намоянд”, – таъкид мешавад дар изҳорот.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.