Нигаронии сафорати ИМА аз сайтбандиҳо дар Тоҷикистон

Сафорати ИМА аз баста шудани дастрасӣ ба шабакаи Фейсбук, сомонаи Радиои Озодӣ, Азия Плюс ва дигар сомонаҳои ахборотӣ дар Тоҷикистон нигаронӣ изҳор намуд. Дар изҳороти имрӯз интишоршудаи намояндагии дипломатии ИМА дар ин робита зикр мегардад, ки Иёлоти Муттаҳида боварӣ дорад, ки ҳуқуқи ҳар шахс дар озодона иброз намудани фикри худ, хоҳ дар майдони оммавӣ ва хоҳ дар шабакаи интернетӣ, умумибашарист. […]

ASIA-Plus



Сафорати ИМА аз баста шудани дастрасӣ ба шабакаи Фейсбук, сомонаи Радиои Озодӣ, Азия Плюс ва дигар сомонаҳои ахборотӣ дар Тоҷикистон нигаронӣ изҳор намуд.

Дар изҳороти имрӯз интишоршудаи намояндагии дипломатии ИМА дар ин робита зикр мегардад, ки Иёлоти Муттаҳида боварӣ дорад, ки ҳуқуқи ҳар шахс дар озодона иброз намудани фикри худ, хоҳ дар майдони оммавӣ ва хоҳ дар шабакаи интернетӣ, умумибашарист.

«Иёлоти Муттаҳида мунтазам озодии сухан, васоити ахбори омма ва ҳуқуқи хабарнигоронро барои фаъолият кардан бидуни тарс, сензура ва таъқиботи сиёсӣ дастгирӣ менамоянд», – омадааст дар изҳорот.

Гуфта мешавад, сафорати ИМА баҳри мусоидат ба рушди воситаҳои ахбори оммаи озоду мустақил бо ҳукумати Тоҷикистон, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва аъзои воситаҳои ахбори омма ҳамкорӣ дошта, аз ҳукумати Тоҷикистонро даъват мекунад, ки маҳдудиятро аз шабакаи Фейсбук, сомонаи Радиои Озодӣ, Азия Плюс ва дигар сомонаҳои ахборотӣ ва иҷтимоӣ бардорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.