Нимаи дуюми рӯзи 5 июни соли 2015 вохӯрии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо сафири Британияи Кабир дар Душанбе Ҳю Филпотт баргузор гардид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Британияи Кабир, аз ҷумла дар соҳаи иқтисодӣ ва фарҳангӣ муҳокима гардиданд.
Гуфта мешавад, ҳамзамон ҷонибҳо оид ба омодагӣ ҷиҳати баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба натиҷагирӣ аз татбиқи даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» мубодилаи афкор намуданд.





