Марги навбатии сарбоз дар артиши Тоҷикистон

Ҷасади  наваскари 22-солаи артиши Тоҷикистон Фирдавс Раҳматовро ҳамагӣ баъди 1 моҳи адои хизмат барои ба хок супурдан ба волидонаш овардаанд. Ғанӣ Раҳматов, падари сарбози фавтида дар саҳифаи худ дар шабакаи Фейсбук дар ин бора менависад: «Писари ман Раҳматов Фирдавс Ғаниевич, санаи таваллуд 22.12.1993 сол, зода ва сокини шаҳри Хуҷанд. Ба маълумоти Шумо мерасонам, ки қотилони […]

Аҳлиддин Салимов



Ҷасади  наваскари 22-солаи артиши Тоҷикистон Фирдавс Раҳматовро ҳамагӣ баъди 1 моҳи адои хизмат барои ба хок супурдан ба волидонаш овардаанд.

Ғанӣ Раҳматов, падари сарбози фавтида

дар саҳифаи худ

дар шабакаи Фейсбук дар ин бора менависад: «Писари ман Раҳматов Фирдавс Ғаниевич, санаи таваллуд 22.12.1993 сол, зода ва сокини шаҳри Хуҷанд. Ба маълумоти Шумо мерасонам, ки қотилони фарзанди азизам ӯро лату кӯб ва ба саломатиаш зарари вазнини ҷисмонӣ расонида, ба марг расониданд. Писарам дар қисми ҳарбии 04080 шаҳри Конибодом, вилояти Суғд санаи 07.05.2015 сол ба сафи ҳарбӣ даъват шуда, санаи 07.06.2015 сол ҷасадашро гирифта оварданд».

Дар идома ӯ менависад, «аз суханони фарзандам хабардор гаштам, ки дар Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон гуруснагӣ, азобу машаққат ва лату кӯб шудани сарбозон аз тарафи сержантҳо дида шуда, хостам ба комиссари ҳарбӣ муроҷиат кунам, вале писарам маро нагузошт, ки боз лату кӯб мекунанд. Барои чӣ командирон аз болои кирдору рафтори сарбозон назорат намебаранд, ки оқибати ин ба чунин фоҷеа расид. Аз суханони фарзандам маълум гашт, ки сарбозонро аз ҷойҳои камераи навобардор дур бурда, ба ҷойҳое, ки ба навор гирифта намешавад, лату кӯб мекардаанд».

«Ман ба хулосаи тиббӣ розӣ нестам, ки дар он овардаанд, гӯё сабаби маргаш баста шудани роҳи нафас ҳангоми фурӯравии забон аст», – изҳор мекунад падари сарбоз.

Дилором Раҳматова, модари Фирдавс рӯзи 10 июн дар суҳбат бо

хабаргузории “Озодагон”

гуфтааст, дар ҷасади писараш нишонаҳои лату кӯб ба таври равшан намоён буд ва онҳо ҳаргиз ба хулосаи тиббии пешниҳодкардаи масъулини қисми ҳарбии 04080 бовар нахоҳанд кард. Хонум Раҳматова афзудааст, масъулини ин қисми ҳарбӣ дар ҳоле фарзияи марги фарзанди онҳоро чунин арзёбӣ мекунанд, ки Додситонии низомии шаҳри Чкалови Суғд тасдиқ карда, ки Фирдавс бар асари латту кӯби шадид ҷон додааст: “Прокурор ба мо гуфт, ки он шаб Фирдавсро ба назди ҳоҷатхона бурда, лату кӯб мекунанд ва дар пайи зарбаи охир, ки ба гулӯяш рост омадааст, роҳи нафас банд шуда, боиси марги сарбоз дар размоишгоҳ мешавад”.

Ӯ аз мақомоти Тоҷикистон талаб кардааст, ки тамоми омилони марги писарашро пушти панҷара баранд, зеро масъулини додситонӣ дар марги Фирдавс танҳо як сержантро айбдор мекунанд, дар ҳоле ки дар аввал шаш сарбоз дар робита ба марги писараш боздошт шуда будаанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ изҳори нигаронӣ мекунанд, ки ин аллакай ҳодисаи панҷуми марбут ба лату кӯби хизматчиёни ҳарбӣ дар Тоҷикистон аз оғози соли равон аст. Санаи 10 марти соли 2015 миёни сарбози дар навбатдорӣ қарордошта Илҳом Бобоев ва ҳамхизмати ӯ Исломиддини Искандар муноқиша рух дода, Бобоев аз автомат суи Исканлар тир холӣ карда буд, ки ахирӣ дар роҳ ба бемористон ҳалок шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.