Президент намояндаи нави ИА доир ба Осиёи Марказиро ба ҳузур пазируфт

Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо (ИА) доир ба Осиёи Марказӣ Питер Бурианро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба рушди мунтазами муносиботи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуда, Эмомалӣ Раҳмон Питер Бурианро ба муносибати ба ин мақом таъин шуданаш табрик гуфта, изҳори бовар […]

ASIA-Plus



Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо (ИА) доир ба Осиёи Марказӣ Питер Бурианро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба рушди мунтазами муносиботи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуда, Эмомалӣ Раҳмон Питер Бурианро ба муносибати ба ин мақом таъин шуданаш табрик гуфта, изҳори бовар намуд, ки фаъолияташ дар ин вазифа пурсамар хоҳад буд.

Зимни суҳбат таваҷҷуҳи зиёд ба татбиқи амалии Созишномаи шарикӣ ва ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, Стратегияи Иттиҳоди Аврупо доир ба Осиёи Марказӣ ва Барномаи бисёрсолаи индикативӣ барои солҳои 2014-2020 зоҳир гардид. Хотиррасон бояд намуд, ки барномаи мазкур ҷалби 251 миллион евро маблағро барои татбиқи амалии лоиҳаҳои зиёд дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва рушди деҳоти Тоҷикистон дар назар дорад.

Атрофи мавзӯъҳои ҷаласаи Кумитаи ҳамкорӣ миёни Иттиҳоди Аврупою Тоҷикистон ва даври навбатии Муколамаи дуҷониба доир ба ҳуқуқи инсон, ки 10 ва 11 июни соли равон дар Брюсел баргузор мегардад, табодули назар карда шуд.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин атрофи авзои кунунӣ дар минтақа ва ҷаҳон, ҳалли мушкилоти вобаста ба рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин доир ба вазъи номуътадили Афғонистон ва зарурати пурзӯр намудани ҳифзи сарҳад бо ин кишвари ҳамсояи Тоҷикистон сурат гирифт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.