Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз якдилона тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ»-ро ҷонибдорӣ намуданд, ки дар онҳо шадидтар шудани назорат аз болои воситаҳои молиявии аз кишварҳои хориҷӣ ба суратҳисобҳои ташкилотҳои ҷамъиятии кишвар воридшуда пешбинӣ шудааст.
Зимни суханронӣ назди вакилон дар робита ба ин масъала вазири адлияи ҷумҳурӣ Рустам Шомурод изҳор намуд, ки тағйироту иловаҳо пеш аз ҳама ба шаффофияти хароҷоти воситаҳо, таъмини амнияти давлат ва пешгирии маблағгузорӣ ба ҷинояткорӣ, терроризм ва пулшӯйӣ нигаронида шудаанд.
Ба гуфтаи вазир, то ҳанӯз механизми назорати хароҷоти воситаҳои дастрасшуда ба иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аз сарчашмаҳои хориҷӣ вуҷуд надошт ва тағйироту иловаи мазкур иттиҳодияҳои ҷамъиятиро ба сабти воситаҳои дастрасшуда дар феҳристи махсус уҳдадор месозад.
Вазири адлия ҳамчунин қайд кард, ки айни замон дар Тоҷикистон беш аз 2,6 ҳазор ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба қайд гирифта шудаанд. «Соли 2013 маблағи ҷалбшудаи ташкилотҳои ҷамъиятӣ аз хориҷи кишвар 4,5 млрд. сомониро таашкил медиҳад, вале ба саҳеҳияти ин рақам шубҳа ҷой дорад», – гуфт Рустам Шомурод.
Ӯ ҳамчунин иттилоъ дод, ки феълан механизми огоҳ кардан аз воситаҳои дастрасшуда ва харҷшуда мавриди таҳия қарор дошта, тарзи соддаву бидуни хароҷот омода кардани он барои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар идома вазир зикр кард, ки зимни баррасии тағйироту иловаҳои мазкур бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамаи масъалаҳои қаблан ташвишовар барои Ташкилотҳои ғайридавлатӣ (ТҒД) аз миён бардошта шудаанд. «Имрӯз онҳо танҳо аз масъалаи марбут ба механизми амалисозии тағйироту иловаҳо ташвиш доранд, ки ояндаи наздик онҳоро Вазорати адлия таҳия мекунад», – гуфт вазир.
Моҳи ноябри соли 2014
иттилоъ дода шуда буд, ки мутобиқи лоиҳаи қонун дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», ки аз ҷониби Вазорати адлия таҳия шудааст, тамоми бурсҳо ва маблағҳои хайрияи аз сарчашмаҳои хориҷӣ ва байнулмилалии дастрасшуда ба Ташкилотҳои ғайридавлатӣ (ТҒД), бояд дар феҳристи давлатии кумаки башардӯстона ба қайд гирифта шаванд ва ба амалисозии барномаҳои маблағгузоришуда аз ҷониби ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байнулмилалӣ ва дигар сарчашмаҳо аз хориҷи кишвар, танҳо баъди анҷоми ҷараёни бақайдгирӣ иҷозат дода мешавад.
Ташкилотҳои ҷамъиятии кишвар аз ташаббусҳои ахири ҳукумат, ки ба танзим ва маҳдуд кардани дастрасии ташкилотҳои ғайридавлатӣ ба кумаки молиявӣ равона шуда буданд, изҳори нигаронӣ намуда, ба унвони раҳбарияти кишвар муроҷиатнома қабул карданд.
Баъдтар маълумот дода шуд, ки Вазорати адлияи ҷумҳурӣ дархосту пешниҳодҳои ТҒД-ро ба инобат гирифта, тағйироти дахлдор ворид намуд, ки мувофиқи он ҳисоботи дастрас шудану истифодаи бурсҳои байнулмилалӣ аз ҷониби ин ташкилотҳо дар шакли огоҳ кардан ва бидуни сабти ҳатмии он пешниҳод хоҳад шуд.



