Қирғизҳо барқи Тоҷикистонро бо нархи 2,5 сент мехаранд

Кишвари ҳамсояи Қирғизистон нерӯи барқи Тоҷикистонро бо нархи 2,5 сент барои 1 кВт/соат мехарад. Дар ин бора хабаргузории «24.kg» бо истинод ба муовини вазири энергетика ва саноати ин кишвар Айбек Калиев хабар медиҳад. Бино ба иттилои хабаргузорӣ, дар ин бора зимни сафари нахуствазири Қирғизистон Темир Сариев ба Душанбе тавофуқ ҳосил шудааст. Гуфта мешавад, тибқи ин […]

Мавзуна Абдуллоева



Кишвари ҳамсояи Қирғизистон нерӯи барқи Тоҷикистонро

бо нархи 2,5 сент

барои 1 кВт/соат мехарад. Дар ин бора хабаргузории «24.kg» бо истинод ба муовини вазири энергетика ва саноати ин кишвар Айбек Калиев хабар медиҳад.

Бино ба иттилои хабаргузорӣ, дар ин бора зимни сафари нахуствазири Қирғизистон Темир Сариев ба Душанбе тавофуқ ҳосил шудааст.

Гуфта мешавад, тибқи ин мувофиқа, аз моҳи июн то моҳи сентябр аз Тоҷикистон ба Қирғизистон дар ҳаҷми 500 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода мешавад. Соли 2014 низ Қирғизистон дар ҳамин давра аз Тоҷикисон бо нархи 2 сент нерӯи барқ харида буд.

Аввали ҳамин моҳ ВАО-и Қирғизистон

 иттилоъ дода буданд,

 ки Қирғизистон ҳамин моҳ ба воридоти нерӯи барқ аз Тоҷикистон шурӯъ карданист.

Ахири моҳи апрели соли равон аз ширкати «Барқи тоҷик» ба «Азия-Плюс» 

дар ин робита иттилоъ дода буданд

, ки Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя нерӯи барқи зиёдатии худро барои содирот дар мавсими тобистон бо нархи 3,5 сент барои 1 кВт/соат пешниҳод намуда, аммо намояндагони Қирғизистон ин нархро хеле баланд шуморидаанд ва изҳор доштаанд, ки дар ин давра барқро аз Тоҷикистон бо нархи ҳамагӣ 2 сент (1 кВт/соат) хариданианд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.