Қатар дар Душанбе нахустин бонки тиҷоратии худро боз карданист

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири нерӯ ва саноати Давлати Қатар Муҳаммад ибни Солеҳ ас-Содаро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба рушди робитаҳои Тоҷикистону Қатар баррасӣ шуда, Эмомалӣ Раҳмон ба ҷониби Қатар барои қабули даъвати Тоҷикистон ва иштироки ҳайати расмии ин кишвар дар Конфронси байналмилалии сатҳи […]

ASIA-Plus



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири нерӯ ва саноати Давлати Қатар Муҳаммад ибни Солеҳ ас-Содаро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба рушди робитаҳои Тоҷикистону Қатар баррасӣ шуда, Эмомалӣ Раҳмон ба ҷониби Қатар барои қабули даъвати Тоҷикистон ва иштироки ҳайати расмии ин кишвар дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба масоили даҳсолаи амалиёти “Об барои ҳаёт” дар шаҳри Душанбе арзи сипос кард.

Президенти кишвар ҳамчунин аз ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Қатар, аз ҷумла фаъолияти босамари ҶДММ Қатар Диар Реал Истейт Инвестмент Компани – Тоҷикистон ва лоиҳаҳои шаҳраки Диёри Душанбе ва Масҷиди калон дар шаҳри Душанбе ёдовар шуда, ин тадбирҳоро “намунаи беҳтарини ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои арабӣ” номид.

Муҳаммад ибни Солеҳ ас-Сода ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дуруду паёми Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сониро расонда, ҳавасмандии кишварашро ба густариши робитаҳо бо Тоҷикистон таъкид дошт.

Гуфтугӯйи судманд атрофи нақшаҳои ояндаи ҳамкорӣ, аз ҷумла доир ба таъсиси Бонки тиҷоратии қатарӣ ва маблағгузории Фонди рушди қатарӣ ба лоиҳаҳои хурду миёнаи саноатӣ дар қаламрави Тоҷикистон сурат гирифт.

Бо изҳори қаноат аз вуҷуди заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ миёни ду кишвар, ҳамзамон зарурати ба имзо расондани чанд санади иловагӣ, аз ҷумла дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукарата таъкид гардид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.