Баррасии масъалаи интиқоли оби Тоҷикистон ба давлатҳои араб

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири об ва нерӯи Кувайт Аҳмад ал – Ҷассорро, ки дар раъси ҳайати расмии ин давлати соҳибнуфузи араб ба шаҳри Душанбе барои иштирок дар конфронси байналмилалии даҳсолаи амалиёти “Об барои ҳаёт” ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба ва […]

ASIA-Plus



Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири об ва нерӯи Кувайт Аҳмад ал – Ҷассорро, ки дар раъси ҳайати расмии ин давлати соҳибнуфузи араб ба шаҳри Душанбе барои иштирок дар конфронси байналмилалии даҳсолаи амалиёти “Об барои ҳаёт” ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Кувайт дар соҳаҳои сиёсат, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва илму техника баррасӣ шуда, ба татбиқи амалии санадҳои миёни ду кишвар имзошуда, аз ҷумла натиҷаҳои ду сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Кувайт ва сафари вазири корҳои хориҷии Кувайт ба Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Ҷалби сармояи давлатӣ ва хусусӣ аз Кувайт барои татбиқи лоиҳаҳои пурсуди Тоҷикистон, аз ҷумла барои азхуднамоии захираҳои фаровони обию энергетикӣ ва интиқоли оби тозаи ошомиданӣ аз кишвари мо ба давлатҳои халиҷии араб, аз роҳҳои муҳими густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ номида шуд.

Аҳмад ал – Ҷассор паёми хаттии Амири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тақдим намуда, изҳор дошт, ки ҷониби Кувайт омода аст сармоягузорони худро барои рушди ҳамкории иқтисодӣ бо Тоҷикистон ташвиқ намояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Табдили рақамии Тоҷикистон: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.