Дар конфронси Душанбе намояндаи Ӯзбекистон мавқеи кишварашро шарҳ дод

Дар конфронси байнулмилалии Душанбе «Об барои ҳаёт намояндаи Ӯзбекистон дар Кумитаи иҷроияи Фонди байнулмилалии наҷоти баҳри Арал Нормуҳаммад Шералиев изҳор дошт, ки беҳбуди дастрасӣ ба оби ошомиданӣ бидуни истифодаи сарфакоронаву оқилонаи захираҳои обӣ ғайриимкон аст ва аз ин рӯ, барои истифодаи сарфакоронаи захираҳои об Ӯзбекистон корҳои зиёдеро ба сомон мерасонад. Ба гуфтаи ӯ, дар муқоиса […]

Аваз Юлдошев



Дар конфронси байнулмилалии Душанбе «Об барои ҳаёт намояндаи Ӯзбекистон дар Кумитаи иҷроияи Фонди байнулмилалии наҷоти баҳри Арал Нормуҳаммад Шералиев изҳор дошт, ки беҳбуди дастрасӣ ба оби ошомиданӣ бидуни истифодаи сарфакоронаву оқилонаи захираҳои обӣ ғайриимкон аст ва аз ин рӯ, барои истифодаи сарфакоронаи захираҳои об Ӯзбекистон корҳои зиёдеро ба сомон мерасонад.

Ба гуфтаи ӯ, дар муқоиса бо солҳои 90-уми асри гузашта андозаи обгирӣ аз ҳавзу дарёҳо дар як сол аз 64 то 51 млрд. м3 ва ҳаҷми обгирии қиёсӣ аз сарчашмаҳо барои обёрии як гектари замини обёришаванда аз 18 то 10,5 ҳазор м3 коҳиш ёфтааст.

«Зарурати амалҳои муштараки ҳамоҳангшудаи ҳамаи кишварҳои минтақаро зикр кардан муҳим аст. Танҳо дар ҳамдастӣ ва бо эҳтироми манфиатҳои тамоми кишварҳои минтақа метавон амнияти ғизойӣ ва экологӣ дар минтақаро таъмин кард, зеро об захираи ҳаётан муҳими табиӣ буда, асоси некӯаҳволии минтақа аст. Ӯзбекистон ҷонибдори ҳадафҳои рушди устувор бо инобати манфиатҳои кишварҳои ҳамсоя ва низомҳои экологӣ буда, муносибатҳои худро бар асоси меъёрҳои байнулмилалӣ роҳандозӣ мекунад», – гуфт ӯ.

Шералиев ҳамчунин зикр кард, ки ба иловаи созишномаҳои минтақавӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, соли 2007 Ӯзбекистон боз ба ду конвенсияи байнулмилалии об (Хелсинки, соли 1992 ва Ню-Йорк, соли 1997) ҳамроҳ шудааст, ки дар онҳо ба истифодаи оқилона ва боадолати захираҳои оби фаромарзӣ бидуни зиён расонидан ҳангоми истифода аз онҳо дастур дода мешавад.

«Мо ба хубӣ дарк мекунем, ки ҳалли пурсамари вазифаҳои гузошташуда оид ба таъмини амнияти ғизойӣ ва обӣ дар минтақа бидуни ҳамкории муассир ғайриимкон аст. Ӯзбекистон ҳамеша ҷонибдори ҳамкории созанда ва асоснок дар масоили истифодаи захираҳои обии фаромарзӣ дар заминаи меъёрҳои ҳуқуқи байнулмилалӣ мебошад», – иброз дошт намояндаи кишвари ҳамсоя.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.