Шӯрои уламои Тоҷикистон имрӯз санаи дақиқи оғози моҳи Рамазонро муайян мекунад

Дар ҷаласаи Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон имрӯз, 11 июн санаи дақиқи оғози моҳи шарифи Рамазон муайян карда мешавад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Раёсати фатвои Маркази исломии Тоҷикистон хабар доданд. «Ба ин ҷаласа ба ҷуз аъзои Шӯрои уламо, ҳамчунин олимони Пажуҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон низ даъват шудаанд», – гуфт манбаъ. Ба гуфтаи […]

Аваз Юлдошев



Дар ҷаласаи Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон имрӯз, 11 июн санаи дақиқи оғози моҳи шарифи Рамазон муайян карда мешавад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Раёсати фатвои Маркази исломии Тоҷикистон хабар доданд.

«Ба ин ҷаласа ба ҷуз аъзои Шӯрои уламо, ҳамчунин олимони Пажуҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон низ даъват шудаанд», – гуфт манбаъ.

Ба гуфтаи манбаъ, мувофиқи солшумории мусулмонӣ, оғози моҳи нав на дар нимашаб, ки дар тақвими григорианӣ чунин қабул шудааст, балки дарҳол пас аз ғуруби офтоб оғоз мегардад.

Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ шуморида мешавад. Мусулмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодат ва қироати Қуръон машғул мешаванд. Моҳи Рамазон бо Ид алфитр ё Иди Рамазон ба анҷом мерасад, ки иди бузургу муҳими мусалмонон ба шумор меравад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.