Э.Раҳмон тоҷикистониёнро бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон табрик кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро бо фарорасии моҳи мубораки Рамазон табрик кард. Дар паёми телевизионии президент, ки дар сомонаи расмии сарвари давлат нашр шудааст, дар ин робита зикр мегардад, ки: «Моҳи мубораки Рамазонро, ки фардо фаро мерасад, ба кулли мардуми мусулмони Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба ҳар хонадони кишвар саодати рӯзгор ва суботу оромӣ […]

ASIA-Plus



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро бо фарорасии моҳи мубораки Рамазон табрик кард.

Дар паёми телевизионии президент, ки дар сомонаи расмии сарвари давлат нашр шудааст, дар ин робита зикр мегардад, ки: «Моҳи мубораки Рамазонро, ки фардо фаро мерасад, ба кулли мардуми мусулмони Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба ҳар хонадони кишвар саодати рӯзгор ва суботу оромӣ орзу менамоям».

Гуфта мешавад, моҳи Рамазон, ки айёми раҳмату мағфират, файзу баракат мебошад, инсонро ба сабру таҳаммул, некиву накӯкорӣ, эҳсону мурувват, қаноату умедворӣ даъват намуда, дари раҳмати Худовандро барояш кушода мегардонад, имони ӯро комил, иродаашро қавӣ ва замирашро пок месозад.

«Сифатҳои ҳамидаи моҳи мубораки Рамазон дар оятҳои Қуръони карим борҳо дарҷ гардидаанд. Каломи осмонии Худованди мутаол гиромӣ доштани ин моҳи муборакро таъкид сохта, дар баробари ин, имтиёз ва сабукиҳоеро барои ҳар як мусулмон муқаррар кардааст, ки вай метавонад аз онҳо истифода барад. Аз ҷумла дар ояи 185-уми сураи «Бақара» омадааст, ки «…Худо барои шумо осониро мехоҳад ва барои шумо душвориро намехоҳад…» – омадааст дар табрикот.

Зикр мегардад, ки бинобар ин, шахсоне, ки сабабҳои узрнок доранд, ҳамчунин афроди мусофир, беморон, дардмандон ё аз ҳад зиёд барҷомондагон метавонанд дар ин моҳ рӯза нагиранд ва вақте ба Ватан бармегарданд ё пурра шифо меёбанд, мувофиқ ба фаслу замон ин фаризаро иҷро намоянд ва қалби хешро пок созанд.

Сарвари давлат таъкид месозад, ки имсол, ки моҳи Рамазон дар миёни фасли тобистон насиби мусулмонон мегардад, шояд барои иддае аз калонсолон, барҷомондагон, беморон ва шахсоне, ки корҳои вазнинро иҷро менамоянд, душвориҳо оварад.

«Бо дарназардошти ин, Шӯрои уламо метавонад, ки дар асоси талаботи фиқҳи ҳанафӣ ва сабукиҳои фармудаи Худованд дар ояти зикршуда фатво диҳад, то ба мардуми бемору мусофир, кишоварзону коргарон ва дигар шахсоне, ки дар гармиҳои вазнини тобистон корҳои сангинро ба анҷом мерасонанд, сабукӣ пайдо шавад. Зеро имрӯзҳо мавсими ҷамъоварии ҳосил аст. Агар ҳосили бо заҳмат парваришшуда, ки ризқу рӯзии мардуми кишоварз мебошад, дар вақташ ҷамъоварӣ нашавад, ин амал боиси ба сахтӣ дучор омадани рӯзгори мардум мегардад», – баён мегардад дар паём.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.