Таҳримҳои ИА алайҳи Русия то ахири сол тамдид шуданд

Иттиҳоди Аврупо (ИА) рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта таҳримҳо алайҳи Русияро барои 6 моҳ ва то поёни январи соли оянда тамдид кард. Бахши тоҷикии радиои эронии Садои Хуросон бо истинод ба хабаргузории Рейтер дар шарҳи ин маълумот менависад, ин таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо ба бахшҳои энергетика, мудофиаи ва молия дар июли 2014 дар посух ба пайвастани нимҷазираи […]

ASIA-Plus



Иттиҳоди Аврупо (ИА) рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта таҳримҳо алайҳи Русияро барои 6 моҳ ва то поёни январи соли оянда тамдид кард.

Бахши тоҷикии радиои эронии Садои Хуросон бо истинод ба хабаргузории Рейтер дар шарҳи ин маълумот менависад, ин таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо ба бахшҳои энергетика, мудофиаи ва молия дар июли 2014 дар посух ба пайвастани нимҷазираи Қрим ба Русия ҷорӣ гардида, нишондиҳандаи ҳимоят аз Украина буд, ки нимҷазираи Қримро аз они худ медонист.

Гуфта мешавад, таҳримҳо муқобили Русия дар ҳоле тамдид мешаванд, ки Русия борҳо таъкид доштааст, ин таҳримҳо таъсире бар ин кишвар надорад ва натиҷаи акс медиҳад.

Зимнан зикр мегардад, ки бисёре аз кишварҳои аврупоӣ низ эътироф кардаанд, ки таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия бар иқтисоди кишварҳои аврупоӣ таъсири манфӣ гузошта аст ва хоҳони таҷдиди назар дар ин таҳримҳо шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.