Рӯзи 17 июни соли 2015 дар Котиботи давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Муовини Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен доир гардид.
Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ-тиҷоратӣ, энергетикӣ, ҳуқуқи инсон, амнияти минтақавӣ ва талошҳои дуҷонибаро дар ин самтҳо муҳокима намуданд.
Гуфта мешавад, зимни мулоқот инчунин натиҷаи 5-умин Машваратҳои дуҷонибаи солона миёни кишварҳо муҳокима гардид.



