Дар вилояти Қундузи Афғонистон 2 шаҳрванди Тоҷикистон ба гумони узвият дар гурӯҳҳои терористӣ боздошт шуданд.
Хабаргузории «Хома-Пресс» бо истинод ба сухангӯи шуъбаи умури дохилии вилояти Қундуз дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки мақомоти пулис шаҳрвандони Тоҷикистонро дар вулусволии Имом Соҳиб дастгир кардаанд.
Гуфта мешавад, боздоштшудагон ҳангоми бозпурсӣ хабар додаанд, ки дар Покистон таҳсил намуда, ба Афғонистон барои машғул шудан ба амалҳои террористӣ омадаанд.
Мақомоти пулиси вилояти Қундуз хабар додааст, ки дар ин вилоят ҳамон рӯз ҳамчунин ду террористи покистонӣ нобуд карда шудаанд.



