Сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон 32%-ро ташкил медиҳад

Соли 2014 сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон дар сатҳи миллӣ 32%-ро ташкил дод. Тибқи таҳқиқоти Агентии омори назди президенти ҶТ, ки бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ гузаронида шудааст, сатҳи камбизоатӣ дар сатҳи миллӣ дар Тоҷикистон аз 37,4 фоиз то 32 фоиз дар байни солҳои 2012 ва 2014 коҳиш ёфта, меъёри камбизоатии ғизоӣ (ки дар асоси хати камбизоатии […]

Меҳрангез Турсунзода



Соли 2014 сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон дар сатҳи миллӣ 32%-ро ташкил дод.

Тибқи таҳқиқоти Агентии омори назди президенти ҶТ, ки бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ гузаронида шудааст, сатҳи камбизоатӣ дар сатҳи миллӣ дар Тоҷикистон аз 37,4 фоиз то 32 фоиз дар байни солҳои 2012 ва 2014 коҳиш ёфта, меъёри камбизоатии ғизоӣ (ки дар асоси хати камбизоатии озуқаворӣ ба 2.250 килокалория барои як нафар дар як рӯз чен шудааст) аз 20 фоиз дар соли 2012 то ба 16.8 фоиз дар соли 2014 поён рафтааст.

Дар иттилояи Агентии мазкур қайд мешавад, ки Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ТоҷСтат), ҳуҷҷати расмӣ ва ёддошти методологиро оид ба камбизоатӣ нашр намуда, марҳилаи муҳимро дар қобилияти назорат ва таҳкимдиҳии талошҳои кишвар дар самти паст кардани сатҳи камбизоатӣ муайян намуд.

Гуфта мешавад, методологияи нави милии арзёбии камбизоатӣ барои Тоҷикистон дар моҳи апрели соли 2015 аз ҷониби Шӯрои Тоҷикистон оид ба арзёбии камбизоатӣ ва синфи миёнаи (Шӯрои камбизоатӣ) назди Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба тасвиб расида буд. Усули нав дар таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ оид ба арзёбии камбизоатӣ асос меёбад ва дар ҳамкорӣ бо Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва дастгирии молиявии Департаменти Британияи кабир оид ба рушди байналмилалӣ (DFID) таҳия гардидааст.

Зикр мегардад, ки методологияи мазкур қадами муҳиме дар тарҳрезӣ ва мониторинги Стратегияи рушди миллии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2030 ва Стратегияи рушди миёнамуҳлат барои солҳои 2016-2020 маҳсуб меёбад.

Зимни нишасти хабарии рӯзи 24 июн иттилоъ дода шуд, ки сатҳи камбизоатӣ дар Душанбе – 19,9%, ВМКБ – 37,3%, вилояти Хатлон – 37,7%, ноҳияҳои тобеи марказ – 37,8% ва вилояти Суғд – 23,1%-ро ташкил медиҳад. Сатҳи камбизоатии шадид  дар Душанбе ба 7,9%, ВМКБ – 18%, вилояти Хатлон – 21,6%, ноҳияҳои тобеи марказ – 21,1% ва вилояти Суғд – 10,1% баробар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.