Афзоиши пасандозҳои шахсони воқеӣ дар бонкҳои Тоҷикистон

Бақияи пасандозҳо дар ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон дар интиҳои моҳи майи соли ҷорӣ раванди устувори зиёдшавиро идома дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 32,8 фоиз афзуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, агар таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳо ҳамаҷониба ва ба таври дақиқ таҳлил шавад, маълум мегардад, ки дар панҷ моҳи соли […]

ASIA-Plus



Бақияи пасандозҳо дар ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон дар интиҳои моҳи майи соли ҷорӣ раванди устувори зиёдшавиро идома дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 32,8 фоиз афзуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, агар таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳо ҳамаҷониба ва ба таври дақиқ таҳлил шавад, маълум мегардад, ки дар панҷ моҳи соли равон 36,2 фоиз ё 2 800,0 млн. сомониро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 63,8 фоиз ё 4 930,5 млн. сомониро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил медиҳанд. Гуфта мешавад, нишондиҳандаҳои номбурда аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар ин давра ҷалби маблағҳои шахсони воқеӣ нисбат ба маблағҳои шахсони ҳуқуқӣ бештар гардидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки дар моҳҳои январ-майи соли равон фоизи миёнавазни пасандозҳо бо пули миллӣ 15,74 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 11,81фоизи солонаро ташкил намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.