Мизони таваррум дар зарфи 5 моҳ ба 2,6% расид

Дар зарфи панҷ моҳи соли равон мизони таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон  ба 2,6 фоиз баробар шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ мизони таваррум1,69 фоиз пасттар аст. Гуфта мешавад, таваррум яке аз нишондиҳандаҳои муҳими макроиқтисодӣ аст, ки дар моҳи майи соли равон муътадилии худро нигоҳ […]

ASIA-Plus



Дар зарфи панҷ моҳи соли равон мизони таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон  ба 2,6 фоиз баробар шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ мизони таваррум1,69 фоиз пасттар аст.

Гуфта мешавад, таваррум яке аз нишондиҳандаҳои муҳими макроиқтисодӣ аст, ки дар моҳи майи соли равон муътадилии худро нигоҳ дошта, 0,3 фоизро ташкил намуд ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,3 фоиз камтар мебошад.

Зикр мегардад, ки нишондиҳандаи мазкур дар зарфи 12 моҳи охир ба 5,5 фоиз баробар шуда, назар ба ҳамин давраи соли гузашта 1,1 фоиз кам мебошад.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки дар охири моҳи майи соли ҷорӣ меъёри бозтамвил, ки яке аз фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ ба шумор меравад, бе тағйир дар сатҳи 8,0 фоиз қарор дорад.

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии кишвар дар соли 2015-ро дар мизони 7,5% нигоҳ дорад.

Ёдрас мекунем, ки мизони таваррум соли 2014 дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 7,4%-ро ташкил дод, ки аз сатҳи пешбиникардаи ҳукумат 0,1 банди фоизӣ камтар аст.

Қобили зикр аст, ки сатҳи таварруми соли 2013 дар ҷумҳурӣ сабтшуда – 3,7% аз ҳама пасттарин дар замони истиқлолияти кишвар мебошад. То ин замон сатҳи нисбатан пасти таваррум соли 2012 ба қайд гирифта шуда буд, ки 6,4%-ро ташкил дода буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.