Бурси БАТР барои таъмини минтақаҳои Тоҷикистон бо оби нӯшокӣ

Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ рӯзи 24 июн Созишномаи бурсии ҳанӯз моҳи феврали соли равон баимзорасида байни Тоҷикистон, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) оид ба лоиҳаи беҳтар намудани системаи обтаъминкунии чанде аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистонро тасдиқ кард. Зимни суханронӣ назди вакилон оид ба ин масъала муовини вазири молияи кишвар Меҳринамо […]

Аваз Юлдошев



Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ рӯзи 24 июн Созишномаи бурсии ҳанӯз моҳи феврали соли равон баимзорасида байни Тоҷикистон, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) оид ба лоиҳаи беҳтар намудани системаи обтаъминкунии чанде аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистонро тасдиқ кард.

Зимни суханронӣ назди вакилон оид ба ин масъала муовини вазири молияи кишвар Меҳринамо Ҷонмаҳмадова қайд кард, ки барои амалисозии лоиҳа БАТР ба сифати бурс (грант) 2,7 млн. доллари ИМА ҷудо мекунад.

Ӯ ба вакилон хотирррасон намуд, ки қаблан БАТР барои амалисозии лоиҳаи мазкур ба сифати қарзи имтиёзнок 10 млн. доллари ИМА ва боз 10 млн. доллари ИМА ба сифати бурс ихтисос дода буд ва ҳамин тариқ, маблағи умумие, ки Бонк барои ин лоиҳа ҷудо мекунад, 22,7 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

«Амалисозии лоиҳа ахири соли 2016 ба итмом расида, он шаҳрҳои Қайроққум, Исфара, Конибодом, Хоруғ, Чкаловск, Истиқлол ва ҳамчунин ноҳияи Бобоҷон Ғауровро фаро мегирад», – изҳор дошт Ҷонмаҳмадова.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров