Афзоиши устувори захираҳои қарзӣ дар бонкҳои ҷумҳурӣ

Бақияи умумии қарзҳо дар бонкҳои Тоҷикисон дар интиҳои моҳи майи соли равон беш аз 11 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 28,7 фоиз зиёд аст. Бино ба иттилои дафтариматбуоти Бонки миллии тоҷикистон, дар таркиби бақияи қарзҳо 47,2 фоиз ё беш аз 5,2 млрд. сомониро қарзҳои кӯтоҳмуддат ва 52,8 фоиз ё […]

ASIA-Plus



Бақияи умумии қарзҳо дар бонкҳои Тоҷикисон дар интиҳои моҳи майи соли равон беш аз 11 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 28,7 фоиз зиёд аст.

Бино ба иттилои дафтариматбуоти Бонки миллии тоҷикистон, дар таркиби бақияи қарзҳо 47,2 фоиз ё беш аз 5,2 млрд. сомониро қарзҳои кӯтоҳмуддат ва 52,8 фоиз ё зиёда аз 5,8 млрд. сомониро қарзҳои дарозмуддат ташкил медиҳанд.

«Фоизҳои миёнавазни қарзҳо дар низоми бонкии кишвар дар панҷ моҳи сипаришуда дар қиёс ба ҳамин давраи соли қаблӣ бо пули миллӣ ба 1,96 банди фоизӣ ва бо асъори хориҷӣ ба андозаи 2,56 банди фоизӣ паст шуданд», – таъкид мешавад дар маълумот.

Гуфта мешавад, ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 6,5 фоиз афзуда, аз ин маблағ 471,9 млн. сомонӣ ба навоҳии дурдасти кӯҳистон қарзҳои хурд дода шудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3,4 фоиз зиёд мебошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.