Воридоти гази моеъ ба ҷумҳурӣ беш аз 20% афзуд

Тӯли 5 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ҳудуди 135 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 23% зиёдтар аст. Аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки моҳи майи соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ 24 ҳазор тонна ин навъи сӯзишворӣ оварда […]

Пайрав Чоршанбиев



Тӯли 5 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ҳудуди 135 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 23% зиёдтар аст.

Аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки моҳи майи соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ 24 ҳазор тонна ин навъи сӯзишворӣ оварда шудааст.

Тоҷикистон маъмулан гази моеъро аз Қазоқистон ворид мекунад, ки ба ҳиссаи ин кишвар тақрибан 80%-и гази моеъи воридшуда тайи 5 моҳи соли равон рост меояд. Ба миқдори начандон зиёд ба Тоҷикистон гази моеъ ҳамчунин аз Русия ва Туркманистон низ ворид карда мешавад.

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ қайд карданд, ки имрӯз беш аз 60%-и нақлиёти автомобилии Тоҷикистон ба сифати сӯзишворӣ аз гази моеъ истифода мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.