Президенти Тоҷикистон амали террористӣ дар яке аз масҷидҳои Кувайтро маҳкум кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба таркиш дар яке аз масҷидҳои пойтахти Давлати Кувайт ба амири ин кишвар Сабоҳ ал-Аҳмад ас-Сабоҳ барқияи тасаллият ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла зикр мегардад, ки «бо камоли андӯҳ хабари таркиш дар яке аз масҷидҳои пойтахтро, ки муҷиби ҳалокат […]

ASIA-Plus



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба таркиш дар яке аз масҷидҳои пойтахти Давлати Кувайт ба амири ин кишвар Сабоҳ ал-Аҳмад ас-Сабоҳ барқияи тасаллият ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла зикр мегардад, ки «бо камоли андӯҳ хабари таркиш дар яке аз масҷидҳои пойтахтро, ки муҷиби ҳалокат ва захмӣ шудани даҳҳо шаҳрвандони бегуноҳ гаштааст, дарёфт намудам».

Гуфта мешавад, ин амали террористии ғайриинсонӣ, ки онро бо ягон далелу бурҳоне ҳақ баровардан мумкин нест, боз як намунаи аъмоли зишти ҷиноятпешагони касбист, ки муборизаи беамон бо онҳо вазифаи ҳар як фарди огоҳ аст. Тоҷикистон омода аст, дар ин ҷода ҳамкориҳои густурдаеро ба роҳ монад.

«Бо ибрози тасаллият ва таъзияи самимӣ ба Волоҳазрат хоҳишмандам ҳамдардии моро ба наздикони қурбониён бирасонанд, ки онҳоро Худованд сабри ҷамил ато фармояд », – омадааст дар барқия.

Бино ба иттилои ВАО-и ҷаҳон, масъулияти таркиш дар масҷиди шиаҳои Кувайтро, ки рӯзи 26 июн сурат гирифта буд, ҷангиёни гурӯҳи ифротгарои «Давлати исломӣ» ба дӯш гирифтаанд. Зикр мегардад, ки бар асари ин таркиш 27 нафар ҳалок ва беш аз 200 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.