Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Ассамблеяи парлумонии САҲА



Ҳайати вакилони порлумони Тоҷикистон дар иҷлосияи навбатии Ассамблеяи парлумонии САҲА, ки аз 4 то 8 июл дар пойтахти Финландия баргузор мегардад, ширкат меварзад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» Муҳаммадато Султонов, сухангӯи палатаи поёнии порлумон хабар дод.

Тоҷикистонро дар ин ҷаласа вакилони палатаи поёнии порлумон Олим Салимзода, Саидҷафар Исмонов ва Гулбаҳор Турсунова намояндагӣ хоҳанд кард. Дар фарҷоми иҷлосия Эъломияи Хелсинки-2015 қабул хоҳад шуд.

Ин Эъломия барои САҲА ва кишварҳои узви ин созмон як зумра тавсияҳо дар соҳаи сиёсат, иқтисод, муҳити зист ва ҳуқуқи башарро фаро хоҳад гирифт. 

spot_imgspot_img

Популярное