Бо мақсади бартараф кардани мушкилот ва проблемаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандоне, ки воридшавии онҳо ба Русия манъ карда шудааст, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳоли ҶТ дар якҷоягӣ бо Хадамоти федералии муҳоҷирати Россия гурўҳи экспертӣ ташкил карда, аз рўйи 5 категория (табақа) шаҳрвандон аз рўйхати манъшудагон озод карда мешаванд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Хадамоти муҳоҷират, Дустмурод Умбаров корманди шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ иброз доштааст, 2-юми июли соли ҷорӣ унвонии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мактуби расмӣ аз ҷониби Хадамоти федералии муҳоҷирати Россия ворид гардид.
Зиёда аз 950 нафар шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ иҷозаи дубора рафтан ба Россия-ро дарёфт намуданд, инчунин 190 нафар донишҷуён ва муҳассилине, ки дар омўзишгоҳҳои ФР таҳсил менамуданд, бо кўмак ва мусоидати бевоситаи Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Сумангул Тағойзода, роҳбарияти Хадамоти федералии муҳоҷирати Россия Константин Ромодановский ва сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода ин имтиёзро дарёфт карданд.
Лозим ба ёддоварист, ки гуфтушунидҳо бо ҷониби Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ҷиҳати ҳалли масъалаҳои муҳоҷирон ва аз руйхати мамнуъшудагон – шаҳрвандони Тоҷикистон идома дошта, шаҳрвандон метавонанд аз рўйи 5 категория (табақа) ба Хадамоти муҳоҷират муроҷиат намоянд.



