Иҷозаи дубораи вуруди 1000 шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия

Бо мақсади бартараф кардани мушкилот ва проблемаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандоне, ки воридшавии онҳо ба Русия манъ карда шудааст, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳоли ҶТ дар якҷоягӣ бо Хадамоти федералии муҳоҷирати Россия гурўҳи экспертӣ ташкил карда, аз рўйи 5 категория (табақа) шаҳрвандон аз рўйхати манъшудагон озод карда мешаванд.   Бино ба иттилои сомонаи расмии […]

ASIA-Plus



Бо мақсади бартараф кардани мушкилот ва проблемаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандоне, ки воридшавии онҳо ба Русия манъ карда шудааст, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳоли ҶТ дар якҷоягӣ бо Хадамоти федералии муҳоҷирати Россия гурўҳи экспертӣ ташкил карда, аз рўйи 5 категория (табақа) шаҳрвандон аз рўйхати манъшудагон озод карда мешаванд.

 

Бино ба иттилои сомонаи расмии Хадамоти муҳоҷират, Дустмурод Умбаров корманди шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ иброз доштааст, 2-юми июли соли ҷорӣ унвонии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мактуби расмӣ аз ҷониби Хадамоти федералии муҳоҷирати Россия ворид гардид.

Зиёда аз 950 нафар шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ иҷозаи дубора рафтан ба Россия-ро дарёфт намуданд, инчунин 190 нафар донишҷуён ва муҳассилине, ки дар омўзишгоҳҳои ФР таҳсил менамуданд, бо кўмак ва мусоидати бевоситаи Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Сумангул Тағойзода, роҳбарияти Хадамоти федералии муҳоҷирати Россия Константин Ромодановский ва сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода ин имтиёзро дарёфт карданд.

Лозим ба ёддоварист, ки гуфтушунидҳо бо ҷониби Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ҷиҳати ҳалли масъалаҳои муҳоҷирон ва аз руйхати мамнуъшудагон – шаҳрвандони Тоҷикистон идома дошта, шаҳрвандон метавонанд аз рўйи 5 категория (табақа) ба Хадамоти муҳоҷират муроҷиат намоянд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.