Имкони афзоиши сармояугузориҳои БАТР ба Тоҷикистон баррасӣ шуд

Рӯзи 2 юми июли соли 2015 вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо директори иҷроияи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) дар Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Туркия, хонум Наталия Ханженкова дидору гуфтушунид кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорат, зимни вохӯрӣ масоили натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар соли 2014, омилҳои асосии рушди […]

ASIA-Plus



Рӯзи 2 юми июли соли 2015 вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо директори иҷроияи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) дар Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Туркия, хонум Наталия Ханженкова дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорат, зимни вохӯрӣ масоили натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар соли 2014, омилҳои асосии рушди иқтисодиёти кишвар, инчунин ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои БАТР баррасӣ шуданд.

Зикр мегардад, ки дар мулоқот ҳамчунин имкониятҳои ҳамкориву дар оянда маблағгузорӣ намудани лоиҳаҳои афзалиятноки кишвар ва дигар масъалаҳо низ матарҳ шуданд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо атрофи дигар масъалаҳои мавриди назар мубодилаи афкор намуданд.

Мебояд гуфт, то имрӯз Боник аврупоии таҷдид ва рушд ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 360 млн. евро сармяогузорӣ кардааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.