Боздошти 4 кенгуруи раҳсипор ба Душанбе дар гумруки Екатеринбург

Мақомоти гумруки фурудгоҳи шаҳри Екатеринбурги Русия 4 кенгуруи раҳсипор ба боғи ҳайвоноти Душанберо боздошт намудааст. Бино ба иттилои чанде аз васоити ахбори умуми Русия, ин ҳайвонҳои экзотикиро дар пайи дуруст таҳия нашудани санадҳо аз парвоз боздоштаанд. «Барои кенгуруҳо маълумотнома ҷиҳати иҷозаи вуруд ба қаламрави Иттиҳоди гумрукӣ пешниҳод нашуд, – гуфтааст Марина Гузикова, котиби матбуотии гуруки […]

ASIA-Plus



Мақомоти гумруки фурудгоҳи шаҳри Екатеринбурги Русия 4 кенгуруи раҳсипор ба боғи ҳайвоноти Душанберо боздошт намудааст.

Бино ба иттилои чанде аз васоити ахбори умуми Русия, ин ҳайвонҳои экзотикиро дар пайи дуруст таҳия нашудани санадҳо аз парвоз боздоштаанд. «Барои кенгуруҳо маълумотнома ҷиҳати иҷозаи вуруд ба қаламрави Иттиҳоди гумрукӣ пешниҳод нашуд, – гуфтааст Марина Гузикова, котиби матбуотии гуруки фурудгоҳи «Колсово»-и ин шаҳр.

Дар ҳамин ҳол,

радиои «Озодӣ»

дар ин робита менависад, масъули боғи вуҳуши шаҳри Ҳлубока Над Влтавоуи Чехия Иван Кубат, ки ҳамроҳ бо ин ҷонварони нодир бо ҳавопаймои Прага-Екатеринбург-Душанбе ба роҳ баромадааст, ин хабарро “нодуруст ва ғайривоқеӣ” хонда, гуфтааст, ҳама санадҳои зарурӣ барои интиқоли ҷонварон ба Тоҷикистон таҳия шудааст ва ҳеҷ мушкиле дар ин масъала вуҷуд надорад.

Гуфта мешавад, феълан ӯву ҷонварон дар фурудгоҳи Екатеринбург қарор доранд ва шоми имрӯз ба самти Душанбе парвоз хоҳанд кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.