Тоҷикистону Ӯзбекистон боз сари мизи гуфтушунид менишинанд

Масъалаи баргузор намудани ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба аломатгузорӣ ва таъйини марзи давлатӣ миёни кишварҳо имрӯз мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дорад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз доираҳои ҳукуматии кишвар хабар дод. Бино ба гуфтаи манбаъ, яқинан ин ҷаласа аввали моҳи ноябр дар Душанбе доир гардида, гуфтушунидҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон оид […]

Аваз Юлдошев



Масъалаи баргузор намудани ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба аломатгузорӣ ва таъйини марзи давлатӣ миёни кишварҳо имрӯз мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дорад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз доираҳои ҳукуматии кишвар хабар дод.

Бино ба гуфтаи манбаъ, яқинан ин ҷаласа аввали моҳи ноябр дар Душанбе доир гардида, гуфтушунидҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ин масъала, ки моҳи феврали соли 2009 дар Душанбе баргузор шуда буданд, бенатиҷа анҷом ёфтанд.

Номбурда таъкид дошт, ки ихтилофи ҷиддии назари ҷонибҳо саҳеҳ кардани хатти марзи давлатӣ дар сарбанди нерӯгоҳи барқи обии Фарҳод аст.

Ҷониби Ӯзбекистон исрор меварзад, ки сарбанди нерӯгоҳ бояд дар қаламрави ин кишвар қарор дошта бошад ва ҷониби Тоҷикистон, ки сарбанди нерӯгоҳ таҳти назорати он қарор дорад, баръакси назари Ӯзбекистон исрор меварзад.

Дар ҳамин ҳол, қариб ҳамаи коршиносон дар масъалаи муносибатҳои Тоҷикисону Ӯзбекистон бар ин назаранд, ки ҳаллу фасли мушкилоти сарбанди нерӯгоҳи Фарҳод масъалаи калидӣ дар баҳси кишварҳо қариб аз рӯи ҳамаи масъалаҳо мебошад.

Нерӯгоҳи барқи обии Фарҳод моликияти Ӯзбекистон буда, ҷонибҳо сари масъалаи дар қаламрави кадом кишвар қарор доштани он баҳс доранд.

Қобили зикр аст, ки айни замон миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон  оид ба аломатгузорӣ ва таъйини ҳудуди 80%-и марзи давлатӣ, ки масофааш беш аз 1,2 ҳазор километрро ташкил медиҳад, тавофуқ ҳосил шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.