Боздиди ноиби раиси Сейми Лаҳистон аз парлумони Тоҷикистон

Имрӯз муовини  Раиси  Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Акрамшо Фелалиев бо ноиби Раиси Сейми (парламенти) Ҷумҳурии Лаҳистон Ежи Вендерлих ва ҳамроҳони ӯ мулоқот намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагон, дар  мулоқот  бештар  ба  масъалаи  густариши  ҳамкориҳои  байнипарлумонӣ  миёни Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳуруии  Тоҷикистон ва Сейми Ҷумҳурии Лаҳистон таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. […]

ASIA-Plus



Имрӯз муовини  Раиси  Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Акрамшо Фелалиев бо ноиби Раиси Сейми (парламенти) Ҷумҳурии Лаҳистон Ежи Вендерлих ва ҳамроҳони ӯ мулоқот намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагон, дар  мулоқот  бештар  ба  масъалаи  густариши  ҳамкориҳои  байнипарлумонӣ  миёни Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳуруии  Тоҷикистон ва Сейми Ҷумҳурии Лаҳистон таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Муовини Раиси  Маҷлиси  намояндагон  изҳор дошт,  ки миёни  парлумонҳои ҳарду кишвар гуруҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ амал  мекунанд ва ташрифи  гуруҳи дӯстии Сейми Ҷумҳурии Лаҳистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон самараи мулоқоту вохӯрии Президентони Тоҷикистону Лаҳистон мебошад.

Зикр шуд, ки ба роҳ мондани рафту омади намояндагони парлумонҳои Тоҷикистону Лаҳистон ба кишварҳои якдигар барои боз  ҳам густариш пайдо кардани муносиботи байнипарлумонии мамлакатҳои мо мусоидат намуда, дар самти истифода аз таҷрибаи ҳамдигар ҷиҳати таҳия ва омода  намудани қонун ва дигар санадҳо кӯмак хоҳад кард.

Акрамшо Фелалиев изҳор дошт, ки таҷрибаи қонунофарии  вакилони Маҷлиси  намояндагон  боз ҳам бойтар гардида, онҳо талош  мекунанд, ки санадҳои ҷавобгӯи меъёрҳои ҷаҳониро таҳия ва қабул  кунанд. Омили  асосии ҳамаи ин комёбӣ ва муваффақиятҳо барқарор ва таҳким бахшидани муносиботи миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо парлумонҳои кишварҳои гуногуни олам аз ҷумла Сейми Лаҳистон  мебошад.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон таъкид кард, ки барои Тоҷикистон ва Лаҳистон имконоти хеле зиёди ҳамкорӣ дар ҳамаи заминаҳо, аз ҷумла равобити байнипарлумонӣ, иқтисоду тиҷорат,  илму маориф, кишоварзӣ, фарҳанг ва дигар соҳаҳо вуҷуд дорад.

– Парлумонҳои ду кишвар дар таҳкими робитаҳои байниҳамдигарӣ нақши калидӣ мебозанд, – таъкид кард Акрамшо Фелалиев ва илова намуд, ки тақвият бахшидани ҳамкориҳои  байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва Сейми Ҷумҳурии Лаҳистон шароити боз ҳам муносибтареро дар раванди тақвияти  ин муносибот фароҳам хоҳад овард. Ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Лаҳистон дар чаҳорчӯбаи муносиботи сиёсӣ, иқтисодӣ асос ёфта, дар сояҳои дӯстӣ раванди рӯ ба инкишофро касб кардааст. Ин равобит дар руҳияи боварии байниҳамдигарӣ чӣ дар сатҳи дуҷониба ва чӣ дар сатҳи  бисёрҷониба сурат мегирад, ки барои ҳарду тараф манфиатбахш мебошад.

Дар мулоқот дар бораи ҳамкориҳои Тоҷикистону Лаҳистон дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ низ табодули назар карда шуд. Зикр гардид, ки байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Лаҳистон санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расидааст, ки ин санадҳо заминаи таҳкими муносиботи гуногунсоҳаи байни Тоҷикистон ва Лаҳистонро ба вуҷуд овардаанд..

Дар мулоқот ҳамчунин масоили вобаста ба таҳкими ҳамкориҳои байни ду кишвар ва вазъи минтақа мубодилаи афкор ҷараён гирифт.

Ноиби Риси Сейми (парламенти) Ҷумҳурии Лаҳистон Ежи Вендерлих  низ дар навбати худ хостори  густариши  ҳарчи  бештари ҳамкориҳои байнипарлумонии кишварашон бо Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон шуда ва илова намуданд, ки яке аз ҳадафҳои асосии ташрифи гуруҳи дӯстӣ ва ҳамкории парлумони Лаҳистон ба шаҳри Душанбе баррасии масъалаи тақвияти ин ҳамкориҳо  башумор меравад.

– Сафари гуруҳи дӯстии мо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши таҷрибаи парламенти шумо дар самти  таҳия ва қабули қонуну қарор ва дигар санадҳои аҳамияти дохилӣ, минтақавӣ ва байналмилалидошта мебошад, – таъкид карданд, намояндагони Сейми  Ҷумҳурии Лаҳистон.

Дар мулоқот ҳамчунин роҳбар ва аъзои гуруҳи дустии Маҷлиси намояндагон бо Сейми Ҷумҳурии Лаҳистон Ҷурахон Маҷидзода,  Исмонов Саидҷаъфар, Ашурова Гулбаҳор ва Равшан Раҷабов иштирок намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.