Ҳалокати 3 нафар дар Варзоб бар асари садамаи нақлиёт

Бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд се нафар ба ҳалокат расиданд. Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳодиса менависад, рӯзи 2 июл ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, марди 22-солаи сокини ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат аз самти ш. Хуҷанд ба самти ш. Душанбе дар рӯ ба рӯи деҳаи Даҳанаи ноҳияи Варзоб аз […]

ASIA-Plus



Бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд се нафар ба ҳалокат расиданд.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳодиса менависад, рӯзи 2 июл ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, марди 22-солаи сокини ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат аз самти ш. Хуҷанд ба самти ш. Душанбе дар рӯ ба рӯи деҳаи Даҳанаи ноҳияи Варзоб аз ӯҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, автомашина ба дохили дарёи Варзоб чаппа шуда, ғарқ мешавад.

Гуфта мешавад, дар натиҷа, ронандаи автомашина ва мусофири он, зани шахсияташ номаълум, тахминан 40-45 сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Ҷасади мусофири дигари автомашина, марди шахсияташ номаълум, тахминан 25-30-сола, аз ҳудуди деҳаи Варзоб дарёфт карда шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.