Масъалаи содироти барқи Тоҷикистон ба Қирғизистон носаҳеҳ боқӣ мемонад

Вазорати энергетикаи Қирғизистон дар бораи имзои созишнома оид ба харидории барқ аз Тоҷикистон хабар медиҳад, вале дар вазорату идорахои бахши энергетикаи Тоҷикистон ин маълумотро рад мекунанд. Бино ба иттилои хадамоти матбути ҳукумати Қирғизистон, вазири энергетика ва саноати ин кишвар Кубаничбек Турдубаев рӯзи 2 июл зимни ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявии омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон дар ин […]

Пайрав Чоршанбиев



Вазорати энергетикаи Қирғизистон дар бораи имзои созишнома оид ба харидории барқ аз Тоҷикистон хабар медиҳад, вале дар вазорату идорахои бахши энергетикаи Тоҷикистон ин маълумотро рад мекунанд.

Бино ба

иттилои

хадамоти матбути ҳукумати Қирғизистон, вазири энергетика ва саноати ин кишвар Кубаничбек Турдубаев рӯзи 2 июл зимни ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявии омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон дар ин робита изҳор намудааст, ки «бо мақсади таъмини мунтазами аҳолӣ бо барқ ва ҳамчунин сарфаи об дар обанбори асосии кишвар, дар бораи харидории барқ аз кишвари ҳамсояи Тоҷикисон дар ҳаҷми 500 млн. кВт/соат созишнома ба имзо расид».

Вазири қирғиз ҳамчунин гуфтааст, айни замон бо назардошти имконоти воқеъии шабакаҳои барқи ҷумҳурӣ, дар бораи иловатан харидории барқ дар ҳаҷми 150 кВт/соат тасмим гирифта шудааст.

Дар ҳамин ҳол, дар вазорату идораҳои бахши энергетикаи Тоҷикистон итминон медиҳанд, ки созишнома дар бораи содироти барқ ба Қирғизистон ҳоло ба имзо нарасидааст.

Қаблан муовини вазири энергетика ва саноати Қирғизистон Айбек Калиев

иттилоъ дода буд

, ки кишвари ҳамсояи Қирғизистон нерӯи барқи Тоҷикистонро бо нархи 2,5 сент барои 1 кВт/соат мехарад.

Ахири моҳи апрели соли равон аз ширкати «Барқи тоҷик» ба «Азия-Плюс» 

дар ин робита иттилоъ дода буданд

, ки Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя нерӯи барқи зиёдатии худро барои содирот дар мавсими тобистон бо нархи 3,5 сент барои 1 кВт/соат пешниҳод намуда, аммо намояндагони Қирғизистон ин нархро хеле баланд шуморидаанд ва изҳор доштаанд, ки дар ин давра барқро аз Тоҷикистон бо нархи ҳамагӣ 2 сент (1 кВт/соат) хариданианд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.