Намояндаи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон Бароталӣ Ҳамидзода зимни суханронӣ назди ҳозирин дар намози ҷумъаи масҷиди марказии Душанбе изҳор намуд, ки ҳамаи ибодаткунандагон бояд намозро то охир хонанд, вагарна нисбати онҳо чораҷӯӣ мешавад.
Бино ба маълумоти
радиои «Озодӣ»
, Бароталӣ Ҳамидзода , сардори Воҳиди махсуси ВКД Тоҷикистон, дар намози ҷумъаи 3 июл дар масҷиди марказии Душанбе ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб гуфтааст, «нафароне, ки дар вақти намозгузорӣ тартибу низомро риоя накарда, аз байни намоз хеста баромада мераванд, ҳамчун аъзои гурӯҳҳои ғайр дониста шуда, нисбат ба онҳо чораандешӣ мешавад».
Намояндаи ВКД таъкид доштааст, ки аксари кулли мардуми мусулмони тоҷик бар асоси мазҳаби ҳанафӣ ибодат мекунанд ва бояд ба ин мазҳаб эҳтиром гузошта шуда, набояд ба ҳар гурӯҳу равия фирефта шуд ва ба номи дини мубини Ислом иснод овард, зеро ислом дини поку беолоиш ва ваҳдат аст.
Тибқи мушоҳидахои рӯзноманигорони радиои «Озодӣ», ҳарчанд гурӯҳе аз намозгузорон ба ҳушдори намояндаи ВКД дар мавриди ин ки “тарки намоз муҷозотеро интизор аст” нигоҳ накарда, бо адои ду ракъат намози фарз, намозгоҳро тарк карданд, аммо теъдоди ин афрод дар муқоиса ба намозҳои ҳафтаҳои қабл камтар буд.
Рӯзноманигрон бар ин назаранд, ки шояд онҳое ҳушдори намояндаи ВКД-ро нодида гирифтанд, ки дертар ба намозгоҳ расиданд ва ин ҳушдорро нашуниданд.



