ВКД: Нисбати касоне, ки намозро барвақт тарк мекунанд, чораҷӯӣ мешавад

Намояндаи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон Бароталӣ Ҳамидзода зимни суханронӣ назди ҳозирин дар намози ҷумъаи масҷиди марказии Душанбе изҳор намуд, ки ҳамаи ибодаткунандагон бояд намозро то охир хонанд, вагарна нисбати онҳо чораҷӯӣ мешавад. Бино ба маълумоти радиои «Озодӣ» , Бароталӣ Ҳамидзода , сардори Воҳиди махсуси ВКД Тоҷикистон, дар намози ҷумъаи 3 июл дар масҷиди марказии Душанбе […]

ASIA-Plus



Намояндаи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон Бароталӣ Ҳамидзода зимни суханронӣ назди ҳозирин дар намози ҷумъаи масҷиди марказии Душанбе изҳор намуд, ки ҳамаи ибодаткунандагон бояд намозро то охир хонанд, вагарна нисбати онҳо чораҷӯӣ мешавад.

Бино ба маълумоти

радиои «Озодӣ»

, Бароталӣ Ҳамидзода , сардори Воҳиди махсуси ВКД Тоҷикистон, дар намози ҷумъаи 3 июл дар масҷиди марказии Душанбе ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб гуфтааст, «нафароне, ки дар вақти намозгузорӣ тартибу низомро риоя накарда, аз байни намоз хеста баромада мераванд, ҳамчун аъзои гурӯҳҳои ғайр дониста шуда, нисбат ба онҳо чораандешӣ мешавад».

Намояндаи ВКД таъкид доштааст, ки аксари кулли мардуми мусулмони тоҷик бар асоси мазҳаби ҳанафӣ ибодат мекунанд ​ва бояд ба ин мазҳаб эҳтиром гузошта шуда, набояд ба ҳар гурӯҳу равия фирефта шуд ва ба номи дини мубини Ислом иснод овард, зеро ислом дини поку беолоиш ва ваҳдат аст.

Тибқи мушоҳидахои рӯзноманигорони радиои «Озодӣ», ҳарчанд гурӯҳе аз намозгузорон ба ҳушдори намояндаи ВКД дар мавриди ин ки “тарки намоз муҷозотеро интизор аст” нигоҳ накарда, бо адои ду ракъат намози фарз, намозгоҳро тарк карданд, аммо теъдоди ин афрод дар муқоиса ба намозҳои ҳафтаҳои қабл камтар буд.

Рӯзноманигрон бар ин назаранд, ки шояд онҳое ҳушдори намояндаи ВКД-ро нодида гирифтанд, ки дертар ба намозгоҳ расиданд ва ин ҳушдорро нашуниданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.