Боз як муноқишаи мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаи мусаллаҳона рух дода, бар асари он як тоҷикистонӣ ҳалок шуд. Нашрияи Turmush бо истинод ба манбаъҳои худ дар ин робита навиштааст, ҳодиса тақрибан соатҳои 16:00-17:00-и рӯзи 6 июл ба вуқӯъ пайваста, шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷараёни тирпарронӣ захмӣ ва ба ҳалокат расидааст. Бино ба навиштаи нашрия, дар қитъаи марз миёни кишварҳо […]

ASIA-Plus



Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаи мусаллаҳона рух дода, бар асари он як тоҷикистонӣ ҳалок шуд. Нашрияи Turmush бо истинод ба манбаъҳои худ дар ин робита навиштааст, ҳодиса тақрибан соатҳои 16:00-17:00-и рӯзи 6 июл ба вуқӯъ пайваста, шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷараёни тирпарронӣ захмӣ ва ба ҳалокат расидааст.

Бино ба навиштаи нашрия, дар қитъаи марз миёни кишварҳо дар мавзеи Кочо-Карини ноҳияи Ботканди вилояти Ботканд бо истифода аз силоҳи оташфишон муноқиша сар задааст.

«Тибқи маълумоти пешакӣ, дастаи марзбонони қирғиз 6 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро мушоҳида кардаанд, ки тариқи қитъаи ҳанӯз миёни ҷонибҳо мувофиқанашудаи марз ба дарунтари қаламрави Қирғизистон ворид шуда, ба автомашинаҳои мутааллиқ ба шаҳрвандони Қирғизистон, ки бо роҳи мошингарди Ботканд – Исфана ҳаракат доштаанд, сангпартоӣ кардаанд. Ба талаботи марзбонони қирғиз ҷиҳати баргаштан ба қаламрави Тоҷикистон шаҳрвандони Тоҷикистон итоат накарда, ба сӯйи марзбони қирғиз низ ба сангпартоӣ оғоз кардаанд», – зикр мегардад дар маълумоти Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон.

Гуфта мешавад, дастаи марзбонони тоҷики ба ҷойи ҳодиса ҳозиршуда ҷиҳати пешгирии амалҳои авбошонаи шаҳрвандони Тоҷикистон тадбир наандешиданд. «Гузашта аз ин, марзбонони тоҷик ҳамроҳ бо шаҳрвандони зикршуда бо истифода аз қувва кӯшиш кардаанд, ки силоҳи марзбонони қирғизро азхуд кунанд», – менависад нашрия.

«Дар ҷараёни муноқиша аз ҳарду ҷониби як тир аз силоҳҳо парронида шуда, бар асари он шаҳрванди Тоҷикистон захмӣ шудааст», – гуфтаанд дар хадамоти матбуот.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот оғоз шуда, ҳамчунин вохӯрии намояндагони мақомоти марзбонии кишварҳо ба нақша гирифта шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.