Тадбирҳои рушди бахши коркарди меваю сабзавот дар Қирғизистон ва Тоҷикистон

Сессияи 5-ми (хотимавии) омўзишҳои бехатарии хӯроквории НАССР (аз англ. – Hazard Analysis and Critical Control Points – таҳлили хавф ва нуктаҳои қатъии назорат) ва маркетинг дар чорчӯбаи лоиҳаи «Рушди сектори коркарди меваю сабзавот дар Қирғизистон ва Тоҷикистон» аз 7 то 8-ми июли соли 2015 дар конфронс-зали Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (кўчаи Бохтар […]

Иттилоияи расмӣ



Сессияи 5-ми (хотимавии) омўзишҳои бехатарии хӯроквории НАССР (аз англ. – Hazard Analysis and Critical Control Points – таҳлили хавф ва нуктаҳои қатъии назорат) ва маркетинг дар чорчӯбаи лоиҳаи «Рушди сектори коркарди меваю сабзавот дар Қирғизистон ва Тоҷикистон» аз 7 то 8-ми июли соли 2015 дар конфронс-зали Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (кўчаи Бохтар 37) ш. Душанбе баргузор мегардад.

Дар чорчӯбаи сессияҳои мазкур сафари омўзиши бо иштирокчиёни омўзиш ба вилояти Хатлон ташкил карда мешавад.

Чорабинии мазкур аз тарафи Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурду миёнаи Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ташкилоти ғайридавлатии British Expertise (Британияи Кабир) ва Иттиҳоди ҷамъиятии муассисаҳои саноати хуроквории Қирғизистон, бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо дар чорчӯбаи барномаи Осиёи Миёна – Инвест III баргузор мегардад.

Ин лоиҳа барои рушди корхонаҳои хурду миёнаи Тоҷикистону Қирғизистон, ки барои коркарди меваю сабзавот ҷалб шудаанд, равона шудааст.

Дар тренинг кормандони масъули сохторҳои давлатӣ, намояндагони сектори хусусӣ, коршиносон, намояндагони мактабҳои олӣ, ва роҳбарони ассосиатсияҳои соҳибкории манфиатдор ширкат меварзанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.