Ёвари президенти Тоҷикистон оид ба масоили амнияти миллӣ Шералӣ Хайруллоев шоми рӯзи 6 июл ба шаҳри Исфараи вилояти Суғд раҳсипор шуд, ки нимаи дуюми ҳамон рӯз дар дар қитъаи баҳсноки марзи ин минтақа
муноқишаи мусаллаҳона рух дода,
дар натиҷа сокини 18-солаи Чоркӯҳ Боборизо Ризоев ҳалок ва сарбози нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон захм бардошт. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилои манбаъҳо аз ҷамоати Чоркӯҳи Исфара муноқиша замоне ба вуқӯъ пайвастааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон аз деҳаи Лангар ба ҷамоати Чоркӯҳ рафтанӣ будаанд.
«Мошини онҳо аз ҷониби марзбонони қирғиз нигоҳ дошта шуда, ба онҳо барои ба Лангар рафтан иҷозат надодаанд ва дар натиҷа муноқиша сар зада, ҷониби Қирғизистон сӯйи шаҳрвандони Тоҷикистон аз силоҳ оташ кушодаанд», – мегӯянд шоҳидони ҳодиса.
Онҳо маълумоти ВАО-и Қирғизистон дар бораи аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон сангпартоӣ шудани марзбонон ва шаҳрвандони кишвари ҳамсояро қотеъона рад мекунанд.
Бино ба маълумоти як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Исфара, марзбони захмишудаи тоҷик дар бемористони маҳаллӣ ҷарроҳӣ шуда, вазъи солимиаш қаноатбахш ва ба ҳаёташ хатаре таҳдид намекунад.
Ёдрас мекунем, ки масофаи марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон 970 километрро ташкил дода, 519 километри он (ҳудуди 60 қитъа) дар сатҳи ҳайатҳои давлатӣ таъйину аломатгузорӣ ва тасдиқ шудааст. Дар 58 қитъаи боқимондаи баҳсноки марз гоҳ-гоҳ бо истифода аз силоҳ муноқишаҳо рух медиҳанд.
Масалан, 10 июли соли 2014 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон якбора 2 муноқишаи мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваста, бар асари он 7 шаҳрванд ва 3 марзбони Тоҷикистон захмӣ ва баъдан 1 тан аз шаҳрвандон ҳалок шуда, як марзбони қирғиз низ осеб дид.
Ахири моҳи марти соли 2015 марзбонони Тоҷикистону Қирғизистон тавофуқ ҳосил карда буданд, ки бидуни таҳдиди бевосита ба амнияи давлатҳо, дигар алайҳи шаҳрвандон аз силоҳ истифода намекунанд.





