Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт нисбати зани 30-сола, зодаи ноҳияи Ёвон П.А., ки муваққатан дар шаҳри Душанбе истиқомат мекунад, аз рӯи далели куштани се кӯдаки ноболиғ парвандаи ҷиноӣ боз намуд.
Тавре аз суди мазкур як манбаъ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, парванда мутобиқи моддаи 104 (Одамкушӣ), қисми 2, бандҳои «а» ва «в» (ду шахс ё бештар аз он, бараъло ноболиғ ё шахсе, ки дар ҳолати оҷизӣ қарор доштани ў барои гунаҳгор аён аст)-и Кодекси ҷиноии ҶТ боз шудааст.
Зимнан зикр гардид, ки зан таҳти ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда, 4 июл дар Душанбе ин зан ҳамроҳи се фарзанди кӯчакаш
худро ба канали Ҳисор партофт.
Сокинони маҳаллӣ наҷотдиҳандагонро ба ҷойи ҳодиса даъват карда, ба онҳо муяссар шуд, ки танҳо занро наҷот диҳанд. Се кӯдак ҳалок шуданд.





