Шералӣ Хайруллоев муноқишаи марзӣ дар Исфараро ҳаллу фасл мекунад

Ёвари президенти Тоҷикистон оид ба масоили амнияти миллӣ Шералӣ Хайруллоев шоми рӯзи 6 июл ба шаҳри Исфараи вилояти Суғд раҳсипор шуд, ки нимаи дуюми ҳамон рӯз дар дар қитъаи баҳсноки марзи ин минтақа муноқишаи мусаллаҳона рух дода, дар натиҷа сокини 18-солаи Чоркӯҳ Боборизо Ризоев ҳалок ва сарбози нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон захм бардошт. Дар ин бора […]

Аваз Юлдошев



Ёвари президенти Тоҷикистон оид ба масоили амнияти миллӣ Шералӣ Хайруллоев шоми рӯзи 6 июл ба шаҳри Исфараи вилояти Суғд раҳсипор шуд, ки нимаи дуюми ҳамон рӯз дар дар қитъаи баҳсноки марзи ин минтақа

муноқишаи мусаллаҳона рух дода,

дар натиҷа сокини 18-солаи Чоркӯҳ Боборизо Ризоев ҳалок ва сарбози нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон захм бардошт. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои манбаъҳо аз ҷамоати Чоркӯҳи Исфара муноқиша замоне ба вуқӯъ пайвастааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон аз деҳаи Лангар ба ҷамоати Чоркӯҳ рафтанӣ будаанд.

«Мошини онҳо аз ҷониби марзбонони қирғиз нигоҳ дошта шуда, ба онҳо барои ба Лангар рафтан иҷозат надодаанд ва дар натиҷа муноқиша сар зада, ҷониби Қирғизистон сӯйи шаҳрвандони Тоҷикистон аз силоҳ оташ кушодаанд», – мегӯянд шоҳидони ҳодиса.

Онҳо маълумоти ВАО-и Қирғизистон дар бораи аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон сангпартоӣ шудани марзбонон ва шаҳрвандони кишвари ҳамсояро қотеъона рад мекунанд.

Бино ба маълумоти як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Исфара, марзбони захмишудаи тоҷик дар бемористони маҳаллӣ ҷарроҳӣ шуда, вазъи солимиаш қаноатбахш ва ба ҳаёташ хатаре таҳдид намекунад.

Ёдрас мекунем, ки масофаи марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон 970 километрро ташкил дода, 519 километри он (ҳудуди 60 қитъа) дар сатҳи ҳайатҳои давлатӣ таъйину аломатгузорӣ ва  тасдиқ шудааст. Дар 58 қитъаи боқимондаи баҳсноки марз гоҳ-гоҳ бо истифода аз силоҳ муноқишаҳо рух медиҳанд.

Масалан, 10 июли соли 2014 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон якбора 2 муноқишаи мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваста, бар асари он 7 шаҳрванд ва 3 марзбони Тоҷикистон захмӣ ва баъдан 1 тан аз шаҳрвандон ҳалок шуда, як марзбони қирғиз низ осеб дид.

Ахири моҳи марти соли 2015 марзбонони Тоҷикистону Қирғизистон тавофуқ ҳосил карда буданд, ки бидуни таҳдиди бевосита ба амнияи давлатҳо, дигар алайҳи шаҳрвандон аз силоҳ истифода намекунанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.