Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 6 июл бо иштироки раисони ноҳияҳои шаҳр ва роҳбарони сохторҳои дахлдор машварати корӣ доир намуд, ки дар он масъалаи нарху наво ба маҳсулоти ғизойӣ дар моҳи Рамазон дар бозорҳои пойтахт баррасӣ шуд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе дар ин робита иттилоъ дод, ҳамзамон раиси пойтахт ба ҳамаи соҳибкороне, ки ба поинравии нархҳо ба маҳсулоти асосии ғизойӣ дар моҳи Рамозон саҳм гузоштанд, миннатдорӣ изҳор кард.
Раиси пойтахт таваҷҷӯҳи ҳозирини машваратро ба амалисозии барномаҳои иҷтимоиву иқтисодии шаҳр дар нимсолаи аввали соли 2015 ҷалб намуда, дар робита ба ин пешниҳод намуд, ки рӯзи 11 июл оид ба ин масъала машварати ҷамъбастӣ гузаронида шавад.
Дар машварат ҳамчунин масоли марбут ба таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, вазъи санитарии шаҳр, нигоҳубини дурусти гулу буттахо ва ниҳолҳои шинонида дар мавсими гармо, тадбирҳо ҷиҳати таъмини истироҳату маишати сокинони пойтахт, пешгирии ҳолатҳои худсарона азхудкунии заминҳо, таъмини тадбирҳои зиддисӯхторӣ, таҳкими имконоти ситоди шаҳрии ҳолатҳои фавқулода ва дигар масоили рӯзмарраи шаҳр баррасӣ шуданд.





