Миннатдории раиси пойтахт ба соҳибкорони шаҳр

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 6 июл бо иштироки раисони ноҳияҳои шаҳр ва роҳбарони сохторҳои дахлдор машварати корӣ доир намуд, ки дар он масъалаи нарху наво ба маҳсулоти ғизойӣ дар моҳи Рамазон дар бозорҳои пойтахт баррасӣ шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе дар ин робита иттилоъ дод, ҳамзамон раиси пойтахт […]

Аваз Юлдошев



Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 6 июл бо иштироки раисони ноҳияҳои шаҳр ва роҳбарони сохторҳои дахлдор машварати корӣ доир намуд, ки дар он масъалаи нарху наво ба маҳсулоти ғизойӣ дар моҳи Рамазон дар бозорҳои пойтахт баррасӣ шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе дар ин робита иттилоъ дод, ҳамзамон раиси пойтахт ба ҳамаи соҳибкороне, ки ба поинравии нархҳо ба маҳсулоти асосии ғизойӣ дар моҳи Рамозон саҳм гузоштанд, миннатдорӣ изҳор кард.

Раиси пойтахт таваҷҷӯҳи ҳозирини машваратро ба амалисозии барномаҳои иҷтимоиву иқтисодии шаҳр дар нимсолаи аввали соли 2015 ҷалб намуда, дар робита ба ин пешниҳод намуд, ки рӯзи 11 июл оид ба ин масъала машварати ҷамъбастӣ гузаронида шавад.

Дар машварат ҳамчунин масоли марбут ба таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, вазъи санитарии шаҳр, нигоҳубини дурусти гулу буттахо ва ниҳолҳои шинонида дар мавсими гармо, тадбирҳо ҷиҳати таъмини истироҳату маишати сокинони пойтахт, пешгирии ҳолатҳои худсарона азхудкунии заминҳо, таъмини тадбирҳои зиддисӯхторӣ, таҳкими имконоти ситоди шаҳрии ҳолатҳои фавқулода ва дигар масоили рӯзмарраи шаҳр баррасӣ шуданд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.