Ҳалокати 8 нафар дар дарёву кӯлҳо шабонарӯзи гузашта

Шабонарӯзи сипаришуда дар дарёву кӯлҳо ва дигар макони оббозии кишвар 8 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҳалок шуданд. Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар ноҳияи Конибодом ҷавони 26-солаи сокини ҷамоати деҳоти Пулотони ноҳия ҳангоми оббозӣ кардан дар дарёи “Сир” аз беэҳтиётиаш дар об ғарқ шуда, ҷустуҷӯи ҷасадаш идома дорад. Гуфта мешавад, духтарчаи 2-солаи истиқоматкунандаи ш.Исфара […]

ASIA-Plus



Шабонарӯзи сипаришуда дар дарёву кӯлҳо ва дигар макони оббозии кишвар 8 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҳалок шуданд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар ноҳияи Конибодом ҷавони 26-солаи сокини ҷамоати деҳоти Пулотони ноҳия ҳангоми оббозӣ кардан дар дарёи “Сир” аз беэҳтиётиаш дар об ғарқ шуда, ҷустуҷӯи ҷасадаш идома дорад.

Гуфта мешавад, духтарчаи 2-солаи истиқоматкунандаи ш.Исфара аз беназоратии волидайнаш ба ҷӯйбори қафои ҳавлии истиқоматиашон афтида, ба ҳалокат расидааст.

«Марди 45-солаи сокини ноҳияи Рашт ҳангоми оббозӣ карданаш дар дарёи “Сурхоб” ҳудуди ноҳияи мазкур аз беэҳтиётиаш дар об ғарқ шудааст. Барои дарёфти ҷасади марҳум чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ идома доранд. Сокини дигари ноҳияи Рашт, писарбачаи 11-сола, ҳангоми моҳигирӣ ба дарёи “Сорбоғ” афтида, ба ҳалокат расидааст. Ҷавони 22-солаи сокини ноҳияи Рашт, донишҷӯ, ҳангоми оббозӣ карданаш дар дарёи “Варзоб”, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи И.Сомонӣ аз беэҳтиётиаш дар об ғарқ шудааст. Барои дарёфти ҷасад чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ идома доранд», – омадааст дар маълумоти ВКД.

Ба иттилои манбаъ, ҷавони 18-солаи сокини н. Данғара ҳангоми оббозӣ карданаш дар кӯли ҳудуди деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ аз беэҳтиётиаш дар об ғарқ шуда, ҷустуҷӯи ҷасадаш идома дорад.

Зикр мегардад, ки дар ҳудуди ноҳияи Б.Ғафуров шаҳрванди Чин, марди 26-сола, муваққатан истиқоматкунандаи ш. Хуҷанд ҳангоми оббозӣ карданаш дар обанбори “Қайроққум” аз беэҳтиётии худ ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.

Хамчунин қайд мешавад, ки духтарчаи 2-солаи сокини ноҳияи Нуробод ҳангоми бо ҳамроҳии модараш дар лаби дарёчаи “Ҷавҷӣ”-и ноҳия қарор доштанаш, аз беаҳамиятии модараш ба дарё афтида, ғарқ шуда ба ҳалокат расидааст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.