Муфтӣ: Рамазон имсол 29 рӯз давом мекунад

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода рӯзи 7 июл зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки имсол моҳи мубораки Рамазон як рӯз камтар аз муҳлати муқарраршуда – 29 рӯз давом мекунад ва ба тахмини ӯ, рӯзи 17 июл таҷлили Иди Фитр дар Тоҷикистон дар назар аст. Ӯ таъкид дошт, ки таҳқиқоти илмии доиргардида нишон […]

Аҳлиддин Салимов



Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода рӯзи 7 июл зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки имсол моҳи мубораки Рамазон як рӯз камтар аз муҳлати муқарраршуда – 29 рӯз давом мекунад ва ба тахмини ӯ, рӯзи 17 июл таҷлили Иди Фитр дар Тоҷикистон дар назар аст.

Ӯ таъкид дошт, ки таҳқиқоти илмии доиргардида нишон доданд, ки моҳҳои Раҷаб ва Шаъбон, ки  тибқи солшумории ҳиҷрии қамарӣ қабл аз моҳи Рамазон меоянд, 30 рӯз буданд ва аз ин рӯ, имсол моҳи Рамазон 29 рӯз давом мекунад. «Ин таҳқиқоти илмӣ аз ҷониби мутахассисони Пажуҳишгоҳи астрофизикаи Академия илмҳои ҷумҳурӣ гузаронида шуданд», – иброз дошт муфтӣ.

«Ман шахсан бо хулосаи Пажуҳишгоҳи астрофизикаи Арабистони Саудӣ шинос шудам ва онҳо ҳам изҳор кардаанд, ки имсол моҳи шарифи Рамазон аз 29 рӯз иборат аст», – гуфт раиси Шӯрои уламо.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки дар ҷаласаи рӯзи 9 июл Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон иборат аз 25 аъзо ҷамъ омада, бори дигар хулосаи комиссияи махсус барои барои муайян кардани санаи дақиқи Иди Фитро баррасӣ мекунанд. «Танҳо баъди ин Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон санаи дақиқи Иди Фитрро ба таври расмӣ эълон мекунад», – афзуд С.Абдуқодирзода.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.