Тоҷикистониёни аз мактабҳои динии хориҷӣ баргашта даст ба ҷиноят мезананд

Зимни нишасти хабарии имрӯза раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон Сулаймон Давлатов изҳор дошт, ки аз 3 ҳазору 360 шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои таълимии динӣ дар хориҷи кишвар таҳсил мекарданд, 3 ҳазору 8 нафарашон ба ватан баргардонида шуданд. Ба гуфтаи ӯ, аз ин шумори ба […]

Аҳлиддин Салимов



Зимни нишасти хабарии имрӯза раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон Сулаймон Давлатов изҳор дошт, ки аз 3 ҳазору 360 шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои таълимии динӣ дар хориҷи кишвар таҳсил мекарданд, 3 ҳазору 8 нафарашон ба ватан баргардонида шуданд.

Ба гуфтаи ӯ, аз ин шумори ба ватан баргаштагон 64 нафар ба содир намудани ҷиноятҳо гумонбар дониста шуда, 29 нафари онҳо барои иштирок дар гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро, аз ҷумла 5 нафар барои узвият дар гурӯҳи «Салафия» дар дохил ва хориҷи кишвар маҳкум ва 6 тан аз онҳо мавриди ҷустуҷӯ қарор дошта, 18 нафар тоҷикистонии машғули таҳсил дар муассисаҳои таълимии динӣ дар хориҷа минбаъд дар даргирҳои Сурия иштирок ва ҳалок шудаанд.

Ба саволи чӣ гуна тадбирҳо андешидани Кумита алайҳи таблиғоти ДИИШ ва сабаби дар телевизион пахш нашудани барномаҳо бо ҳузури ходимони маъруфи дин Сулаймон Давлатов чунин посух дод: «Дарвоқеъ, ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ бемории аср аст. Аксарият бо роҳи фиреб ё бинобар сабаби камсаводӣ ҷалб мешаванд. Бисёриҳоро номи «Давлати исломӣ» гумроҳ месозад».

Ба қавли номбурда, соли ҷорӣ кормандони Кумита тариқи телевизион 42 барномаи фаҳмондадиҳӣ таҳия ва пахш намуда, дар сомонаи Кумита беш аз 100 мавод дар ин бора интишор шудааст. «Аз минбари масҷидҳо низ имом-хатибон мудом ҷавононро даъват мекунанд, ки ба сафҳои созмону ҳаракатҳои фиротгаро шомил нашаванд», – таъкид дошт раиси Кумита.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.