Гумонбарии шаҳрванди Тоҷикистон ба таъсиси гурӯҳи ҷиноятпеша дар Русия

Шаҳрванди Тоҷикистон ба таъсиси гурӯҳи ҷиноятпешаи фаромиллӣ дар қаламрави вилояти Уляновски Русия гумонбар дониста мешавад. Бино ба маълумоти сомонаи расмии прокуратураи вилояти Уляновск, парвандаи ҷиноӣ нисбати 9 нафар аъзои гурӯҳи ҷиноятпеша, ки ба фурӯши маводи мухаддир дар минтақа машғул будаанд, ба баррасии суд ирсол шудааст. Гуфта мешавад, соли 2012 шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистон Эмомиддин Шамсов ва […]

ASIA-Plus



Шаҳрванди Тоҷикистон ба таъсиси гурӯҳи ҷиноятпешаи фаромиллӣ дар қаламрави вилояти Уляновски Русия гумонбар дониста мешавад.

Бино ба

маълумоти

сомонаи расмии прокуратураи вилояти Уляновск, парвандаи ҷиноӣ нисбати 9 нафар аъзои гурӯҳи ҷиноятпеша, ки ба фурӯши маводи мухаддир дар минтақа машғул будаанд, ба баррасии суд ирсол шудааст.

Гуфта мешавад, соли 2012 шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистон Эмомиддин Шамсов ва сокини 38-солаи шаҳри Уляновск Шуҳрат Қараев як иттиҳоди ҷиноятпеша таъсис дода, аъзои он ба интиқоли маводи мухаддири героин аз Тоҷикистон ба Русия ва фурӯши  диатсетилморфин дар қаламрави ин вилоят машғул будаанд.

«Фурӯши маводи мухаддирро Ҷаҳонгир Абдуллоеви 25-сола, Руслан Аглямови 38-сола, Равил Юнусови 39-сола ва дигар аъзои гурӯҳ бидуни вохӯрии бевосита тавассути пинҳонгоҳҳо анҷом дода, барои гирифтани маблағ низомҳои интиқоли пул ба шахсони дигар истифода бурда мешудааст», – қайд мешавад дар маълумот.

Зимнан зикр мегардад, ки айни замон Шамсов ва боз ду аъзои гурӯҳ таҳти пайгарди қонунии байнидавлатӣ қарор дошта, мутобиқи айбномаҳои ба Қараев, Абдуллоев, Аглямов ва Юнусов пешниҳодшуда, ба онҳо ҷазои аз 5 то 20 соли зиндон таҳдид мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.